Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридинзода Азизбек, бо сокинони ҷамоати деҳоти Зафари ноҳияи Фархор вохӯрӣ намуд. Дар вохӯрии мазкур намояндагони Мақомоти иҷроии ҳокимияти давлатии ноҳия, фаъолон, собиқадорон, зиёиён ва имомхатибону сокинони маҳалла иштирок доштанд.
Баъди шиносоии вакил ва шарҳу тавзеҳи мақсаду ҳадафи вохӯрӣ сухан ба Хайридинзода Азизбек вогузор гардид.
Мавсуф зимни суханронӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои диниву ифротӣ, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, истифодаи оқилонаи телефонҳои мобилӣ, самаранок истифода бурдани нерӯи барқ, пешгирии хушунату зӯроварӣ дар оила, захираи 2-солаи маводи озуқаворӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас, вусъати корҳои созандагиву ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар атрофи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муттаҳид будани сокинонро таъкид намуд.
Сипас як гуруҳ сокинон суолу таклифҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххасу қонеъкунанда гирифтанд.Баъдан вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридинзода Азизбек аз корҳои ободонии сокинони ҷамоати мазкур дар самти мумфаршкунии роҳҳо аз наздик шинос шуд.Вохӯриҳои вакил дар дигар ҷамоату деҳоти ноҳия давом дорад
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон