• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Истиқлол ва рушди давлатдории миллӣ

Migration Service by Migration Service
05.09.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Истиқлол ва рушди давлатдории миллӣ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Мардуми сарбаланду шарафманди тоҷик хуб дар ёд доранд, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои тундраву ҷудоихоҳи дохилию хориҷӣ таҳти таъсири фармонҳои бегонагон қарор гирифта, Ватани азизамон – Тоҷикистонро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва мухолифатҳои мусаллаҳона кашиданд. Дар натиҷа, мардуми мо ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуд. Бешак, чунин вазъ хатари парокандагии миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли моро ба миён оварда буд.

Маълум аст, ки ҳар ҷангу хунрезӣ ва саҳлангорӣ оқибатҳои фоҷиавӣ ва зарарҳои сангин ба бор меорад. Ҷанги шаҳрвандӣ низ аз чунин бадандешӣ ва манфиатҷӯии гурӯҳҳои алоҳида сар зада, талафоту хисоротҳои бузург овард. Мувофиқи маълумот, дар ин ҷанги хонумонсӯз зиёда аз 100 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд, садҳо манзилҳои истиқоматӣ вайрону валангор шуданд ва беш аз 1,5 миллион шаҳрванд аз макони зисти худ гуреза гардида, ба кишварҳои хориҷӣ – Афғонистон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва давлатҳои Аврупо муҳоҷират карданд. Зарари иқтисодӣ бошад, бештар аз 10 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод.

Боиси ифтихор аст, ки миллати тоҷик ин хатарро сари вақт дарк намуда, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи сулҳу созишро пеш гирифт. Бастани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миллати тоҷикро сарҷамъ намуд ва Тоҷикистони ҷавонро аз нобудӣ раҳо кард. Пешвои миллат тавонистанд миллати парокандаро муттаҳид сохта, Тоҷикистони азизро ба давлати амн ва макони сулҳу субот табдил диҳанд.

Аксари сохтору ниҳодҳои давлатӣ фаъолияти худро аз сифр оғоз намуда, бо ҳидоят ва пуштибонии Пешвои миллат рушд карданд. Имрӯз мардуми мо дар роҳи истиқлол, амният ва созандагӣ номҳои устувори худро мегузоранд.

Он гурӯҳҳои хоину хиёнатпеша, ки виҷдон ва имонашонро бо ду пул фурӯхта буданд, бо истифода аз аслиҳа ва кӯмакҳои хориҷӣ мехостанд кишвари моро ба низоми бегона табдил диҳанд. Онҳо фарҳанги бегона ва шакли идоракунии исломисозиро ба мардуми тоҷик таҳмил кардани буданд. Аммо мардуми мо бо устуворӣ сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва оромии ҷомеаро таъмин карданд. Ҳатто ҷомеаи ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистонро ҳамчун намунаи нодир эътироф намуд.

Истиқлоли давлатӣ чароғи равшани рӯзгори обод ва кафили саодати Ватани азизамон – Тоҷикистон аст. Истиқлол мафҳуми муқаддас ва беназир мебошад, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ барои тамоми сокинони сайёра аҳамияти бузург дорад. Мафҳуми истиқлолият барои мардуми мо рамзи якдилӣ, бахту иқбол, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва музаффарият аст.

Имрӯз метавон бо ифтихор гуфт, ки Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ дастовардҳои бузургу таърихии миллати тоҷик мебошанд, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагӣ ва талоши фарзандони содиқи миллат ба даст омадаанд.

Ман, ҳамчун як шаҳрванд, тамоми мардуми сарбаланду баномуси тоҷикро бо 34­­ — солагии Истиқлоли давлатӣ самимона табрик мегӯям. Ба ҳар як хонадони тоҷик бахту саодат, иқболи баланд ва дар фазои Тоҷикистони азиз сулҳу оромӣ ва амнияти доимӣ орзу дорам.Бори дигар Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!

Умаров Фирдавс,

Муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Муҳоҷир» -и Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Идомаи вохӯриҳои вакил бо сокинони ноҳияи Фархор

Next Post

Таҷлили бошукӯҳи 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Next Post
Таҷлили бошукӯҳи 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Таҷлили бошукӯҳи 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.