Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт дар беморхонаи марказии ноҳия бо оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ корманди бахши Хадамоти муҳоҷират Норбоев Дамир, доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, омодагӣ пеш аз сафар, инчунин доир ба пешгирии шомилшавии ҷавонон, алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муқовимат ба савдои одамон, одамрабоӣ суҳбат баргузор намуда, ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Аз ҷумла, қайд гардид, ки ҳар як муҳоҷир ва ё оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба хориҷа сафар доранд бояд пеш аз ҳама аз қонунгузорӣ, урфу одат ва маданияти давлати қабулкунанда огоҳ бошанд, зеро аз сабаби паст будани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва беэҳтиётӣ ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ метавонад сабаби пайдоиши як қатор мушкилиҳо гардад, ба монанди: афтодан ба доми фиреб ҳангоми гирифтани ҳуҷҷатҳо, ба ғуломии меҳнатӣ, ба ғуломии шаҳвонӣ, фирефта шудан аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро, пурра ё қисман гирифта натавонистани ҳақи меҳнати худ, гирифтор шудан ба зуроварии равонӣ ё ҷисмонӣ, маҷбури гирифтани ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон ва маҳдуд кардани озодии муҳоҷир аз ҷониби корфармоён ё шахсони дигар оварда мерасонад.
Инчунин, оид ба муҳлати қонунигардонии будубош ва тарзи ба расмият дарории ҳуҷҷатҳои шахсоне, ки дар феҳристи назоратшаванда қарор доранд фаҳмонида шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд