• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ярмаркаи  ҷойҳои  кории холӣ дар шаҳри Хуҷанд

Migration Service by Migration Service
06.09.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ярмаркаи  ҷойҳои  кории холӣ дар шаҳри Хуҷанд
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар МТМУ №23-и шаҳри Хуҷанд ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур  кормандони  шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд, ки фаъолона иштирок доштанд, бо шаҳрвандон вобаста ба муҳоҷирати бехатар, риояи талаботи бехатарӣ дар истеҳсолот, танзими раванди будубоши муваққатӣ, фаъолияти меҳнатии қонунӣ, тартиби ба имзорасонии шартномаи меҳнатӣ, риояи талаботи санитариву гигиенӣ дар зимни фаъолияти корӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба самти муҳоҷирати меҳнатӣ дар миёни ҳамватанон ва муҳоҷирони меҳнатӣ муҳокима карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо вазъи ҳуқуқии шаҳрвандонро дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ таъмин намуда, кафолати бехатарӣ дар истеҳсолоти шаҳрванди хориҷиро таъмин менамояд

Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба гаравидани ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, терористиву экстремистӣ, ҷиноӣ, иттилоъ дода шуда, даъват гардид, ки аз ҳар гуна гурӯҳҳои мухолифатангез дурӣ ҷуста, аз бемориҳои сироятшаванда худ ва аъзои оилаи худро эмин нигоҳ доранд.

Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида шуд, ки муҳлати будубош дар Федератсияи Россия 90 шабонарӯзро дар як соли тақвимӣ дар бар мегирад. Муҳлати мазкур ба истиснои ворид шудан бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия мебошад.

Агар шумо бо мақсади сайёҳат, табобат, тиҷорат, корҳои шахсӣ, хидматӣ, убурӣ ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мешавед, тиқби талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат муҳлати будубошатон на зиёда аз 90 шабонарӯз мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки шаҳрвандони хориҷӣ дар заминаи асосҳои мазкур метавонад муҳлати будубоши худро дар қаламрави Федератсияи Россия ба муҳлатҳои гуногун тамдид намоянд: агар шаҳрванди хориҷӣ дорои иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) бошад, шаҳрванди хориҷӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд.

Инчунин, шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дарёфт мекунанд то анҷоми муҳлати иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари иқомат метавонанд ҳуҷҷатҳои будубоши худро тамдид намоянд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия таҳсил доранд, онҳо метавонад то анҷоми таҳсил муҳлати будубоши худро тамдид намоянд, дар ҳолати анҷоми зинаи таҳсилот инчунин имконият дода мешавад, ки ба муҳлати 30 шабонарӯз будубоши худро тамдид намуда, ба зинаи дигари таҳсилот дохил шаванд.

Ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо гардидани мушкилот дар ин самт метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Россия муроҷиат намоянд.

Инчунин, дар рафти вохӯрӣ намояндагони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират оид ба иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, гирфтани патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан дар алоҳидагӣ иброз намуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотии Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд

Previous Post

Вохӯрии судманд бо оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар ноҳияи Ашт

Next Post

Вохӯрӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти Н. Хусрави ноҳияи Қубодиён

Next Post
Вохӯрӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти Н. Хусрави ноҳияи Қубодиён

Вохӯрӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти Н. Хусрави ноҳияи Қубодиён

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.