• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Муборизаи беамон бар зидди терроризм ва экстремизм

Migration Service by Migration Service
12.09.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Муборизаи беамон бар зидди терроризм ва экстремизм
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Мо ҳамеша ҷонибдори тақвияти стратегияи мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдиду хатарҳои минтақавию ҷаҳонӣ мебошем. Рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳар давраи таърихӣ дорои мушкилоти хоси худ мебошад.

Имрӯз гурӯҳҳои махсуси тарғиботӣ ҳам ба таври озод ва ҳам дар расонаҳои интернетӣ андешаҳои экстремистии худро паҳн намуда, ба рӯҳия ва мафкураи инсонҳо, махсусан, ҷавонон таъсир расонида, онҳоро ба гуруҳҳои ифротӣ ҷалб карданӣ мешаванд.

Бояд дар хотир дошта бошем, ки мушкилоти азимтарине, ки то имрӯз роҳи ҳалли пурраи он дарёфт нагардидааст ва дар ҷаҳони муосир, новобаста аз пешрафти илму технология боқӣ мондааст, маҳдудияти мафкуравӣ мебошад. Яке аз сабабҳои асосии пайдоиши низоъҳои мазҳабию динӣ, пайдоиши гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва дар ин замина, ба майдони ҷанг табдил додани давлатҳо мебошад.

Душманони миллати мо, ки имрӯз дар кишварҳои бегона паноҳ бурдаанд, сулҳу субот ва ободии кишварамонро дида натавониста, кӯшиш карда истодаанд, ки бо ҳар роҳ осоиштагии мардумро тариқи сомонаҳои интернетӣ бо суханҳою амалҳои бардуруғ халалдор намоянд.

Ба ҳеҷ кас пинҳон нест, ки падидаҳои номатлуб, тарғиби андешаҳои иғвогаронаю тафриқаангезӣ ва ифротгарову  бахусус, ба тафаккури онҳое, ки маълумоти нокифояи динӣ доранду ноогоҳ ҳастанд, таъсири манфӣ мерасонанд.

Ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус, амалҳои фоҷиабори онҳоро хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи кишварро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд.

Мо бояд насли наврас ва ҷавононро дар рӯҳияи дӯст доштани ҳар ваҷаб хоки ватан ва ҳамеша омода будан дар ҳифзи амнияти он тарбия намоем.                    

Шарипова Умеда,

Мутахассиси пешбари бахши муҳоҷирати экологӣ раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Насли наврасро дар роҳи дуруст тарбия намоем

Next Post

Вохӯрӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон

Next Post
Вохӯрӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон

Вохӯрӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.