Дар нимаи дуюми 12 сентябри соли 2025, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэйко ФУРУТА ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Хонум Сафирро муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Норзода Шариф ва роҳбари Намояндагии СБМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Лутенко ҳамроҳӣ намуданд.
Сараввал Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо оид ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо, аз ҷумла, дар бораи фаъолияти МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ маълумоти мухтассар пешниҳод намуд.
Дар рафти мулоқот Сардори Хадамот дар бораи раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи бехатарӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар, вазъият ва дурнамои муҳоҷират, касбомӯзии муҳоҷирон, донистани забонҳои хориҷӣ, инчунин ҷалби муҳоҷирони ба ватан бозгашта ба бозори меҳнат андешаронӣ намуд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэйко ФУРУТА, пас аз изҳори сипос барои суханони гарми Сардори Хадамоти муҳоҷират, омодагии худро барои саъйи бештари таҳкими равобити дуҷониба баён намуда, инчунин умеди ҳамкории самаранок байни давлати Ҷопон ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷират изҳор кард.
Дар фарҷомӣ вохӯрӣ хонум Кэйко ФУРУТА аз фаъолияти МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”, инчунин бинои нави Хадамоти муҳоҷират, ки айни замон дар он корҳои сохтмонӣ идома дорад, дидан намуд. Инчунин иттилоъ дода шуд, ки баъди ба итмом расидани сохтмони бинои нав дар он синфхонахо ба кор шурӯъ мекунад, ки дар он омӯзиши забонҳои англисӣ, кореягӣ, арабӣ ва японӣ ба роҳ монда мешавад.
Ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳар ду кишварро судманд арзёбӣ намуданд. Вохӯрӣ дар фазои озод ва якдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират