• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Истгоҳи роҳи оҳан”

Migration Service by Migration Service
15.09.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Истгоҳи роҳи оҳан”
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ҷиҳати пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагии муҳоҷирон пеш аз сафар, кормандони  шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо муҳоҷирони меҳнатӣ доир ба қонунҳои амалкунанда дар қаламрави Федератсияи Россия корҳои фаҳмондадиҳиро дар “Истгоҳи роҳи оҳан” гузаронида истодаанд.

 Дар рафти суҳбат ба шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.

Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида шуд, ки дар асоси Қонуни Федератсияи Россия № 274 ФЗ аз 1 июли 2021 сол “Дар бораи ворид кардани тағйирот ба Қонуни Федералӣ “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия” ва Қонуни Федералӣ “Дар бораи бақайдгирии давлатӣ – дактилоскопӣ дар Федератсияи Россия”, ки аз 29 декабри 2021 сол ба иҷро даромад, фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ аз синни 6 сола вазифадоранд тартиби дактилоскопия (супоридани изи ангуштон) ва аксбардориро гузаранд.

Инчунин, мувофиқи Қонуни Федералии Федератсияи Россия аз 18.07.2006, № 109-ФЗ, моддаҳои 20-22 “Дар бораи бақайдгирии муҳоҷирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Федератсияи Россия”, шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла кӯдакони ноболиғ, уҳдадоранд, ки дар қаламрави Россия ба қайди ҷойи иқомат гузошта шаванд.

Агар кӯдак ҳамроҳи падару модар ё намояндагони қонунии худ ворид гардад, ӯ дар ҳамон суроғае ба қайд гирифта мешавад, ки падару модар (ё намояндаи қонуниаш) сабт шудааст. Ҳамаи амалҳои зарурӣ барои гузоштани кӯдак ба қайди муҳоҷиратиро падару модар ё намояндагони қонунии ӯ иҷро мекунанд.

Дар ҳолати риоя накардани қоидаҳои муқаррарнамудаи бақайдгирии муҳоҷиратӣ метавонанд чораҳои масъулияти маъмурӣ татбиқ шаванд: ҷаримаҳои маъмурӣ ва дар ҳолатҳои ҷудогона — хориҷ намудан (депортатсия) аз қаламрави Федератсияи Россия.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ -маърифатӣ аз ҷониби масъулин тақсим карда шуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд

Previous Post

Баргузории шанбегӣ дар Хадамоти муҳоҷират

Next Post

Вохӯрии сарвиақтӣ бо муҳоҷирони ба ватан бозгашта дар шаҳри Истаравшан

Next Post
Вохӯрии сарвиақтӣ бо муҳоҷирони ба ватан бозгашта дар шаҳри Истаравшан

Вохӯрии сарвиақтӣ бо муҳоҷирони ба ватан бозгашта дар шаҳри Истаравшан

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.