• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрии сарвиақтӣ бо муҳоҷирони ба ватан бозгашта дар шаҳри Истаравшан

Migration Service by Migration Service
15.09.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯрии сарвиақтӣ бо муҳоҷирони ба ватан бозгашта дар шаҳри Истаравшан
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан вохӯрии саривақтӣ бо  муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва  аъзои оилаи онҳо  баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории вохӯрии мазкур ин расонидани нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва дар ин замина таъмини тозагиву озодагии иншооту биноҳо, ташкилоту муассисаҳо, кӯчаву маҳаллаҳо, манзили истиқоматии ҳар як оила дар деҳот бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, огоҳ намудани ҷавонон аз хатарҳои экстремизм ва терроризм, тақвият додани корҳои ободониву созандагӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва фарогирифтани занону духтарон ба курсҳои касбомӯзӣ, муҳоҷирати бехатар, риояи қонунҳои амалкунанда дар кишвари иқомат, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии тамоюли бегонапарастӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб меравад. 

Дар чорабинӣ таъкид карда шуд, ки бузургтарин неъмате, ки барои мо насиб гаштааст, ин истиқлолу озодӣ, суботи миллӣ ва ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз бо заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат ва сарҷамъии мардум Тоҷикистони азизи мо рӯз аз рӯз ободу зебо гашта, обрӯву нуфӯзи он дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускору сулҳпарвар боло рафта истодааст.        

Инчунин, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба хотири сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли   давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободониро идома бахшем. 

Ҳамзамон, намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон расонид, ки бақайдгирии муҳоҷиратиро дар муддати 15 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи ворид шудан ба Россия гузоранд. Барои анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ, шаҳрванди хориҷӣ дар муддати 30 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи ворид шудан ба Федератсияи Россия ҳуҷҷатҳоро ба мақомоти минтақавии Сарраёсати ВКД ФР ё Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират (ММЦ) барои гирифтани Патент бояд супоранд. Патент ба муҳлати то 12 моҳ дода мешавад ва онро тамдид додан мумкин аст.                                                                                          

Барои тамдид додани Патент, шаҳрванди хориҷӣ бояд пешпардохти ҳармоҳаи андози патентро (НДФЛ) супорад. Дар ҳолати анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ бе Патент ё шартномаи меҳнатӣ нисбати шаҳрванди хориҷӣ ҷаримаи маъмурӣ муайян карда мешавад ва ӯ ба муҳлати 5 сол аз кишвари Россия хориҷ карда мешавад.                                                                       

Инчунин, зимни вохӯрӣ оид ба хатару таҳдидҳои замони муосир, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дӯст доштани фарҳанг, таърих ва арзишҳои фарҳангии халқи тоҷик, ҳифзи расму оин ва анъанаҳои миллӣ дар хориҷи кишвар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар миёни шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар чорабиниҳо иштироки бевоситаи намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, шуъбаи КДАМ шаҳр, раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахши танзиму ҷашну маросим, раисони ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, касбомӯзони Филиали МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон”-и шаҳр ва дигар сохторҳо фаъолона ширкат варзида, байни сокинон низ маъруза намуданд.                                                                                       

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд

Previous Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Истгоҳи роҳи оҳан”

Next Post

Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд ва Ашт

Next Post
Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд ва Ашт

Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд ва Ашт

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.