Бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва оилаи онҳо оид ба тағйиротҳои қонунгузории кишварҳои қабулкунанда, аз ҷумла кишвари Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, бо сокинон ва кормандони ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт вохӯрии судманд баргузор гардид. Дар чорабинӣ корманди бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Норбоев Дамир, мутахасиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Мавлонов Муслимбек ва сармутахасиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират вобаста ба талаботҳои қонунгузории давлати қабулкунанда, аз ҷумла ФР дар самти муҳоҷирати бехатар, расман фаъолият намудан дар кишвари иқомат, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, нигоҳдории ваъзи саломатию пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ тавсияҳои муфид дод.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки пеш аз оғози фаъолияти корӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, пас ба фаъолият оғоз намоянд, ҳуҷҷатҳои будубош ва қайди муваққатии худро дар доираи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат таҳия намоянд.
Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба тағйиротҳои охир дар қонунгузории кишвари Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, тартиби таҳсил ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабии кишвари иқомат ва дигар масъалаҳои марбут дар ин самт иттилоъ дода шуд. Бояд қайд кард, ки чунин як чорабинии иттилоотӣ бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд низ баргузор гардид.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд