Дар асоси нақшаи муштараки сохторҳои дахлдор ва бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаҳои 17 ва 31 июли соли ҷорӣ ироа гардида буданд, дар МТМУ№24-и деҳаи Сомониён ҷамоати деҳоти Зафари ноҳияи Фархор вохӯрии судманд доир гардид.
Аъзоёни гурӯҳи ташвиқотиву тарғиботӣ ҳангоми мулоқот бо сокинон ба масъалаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, зарурати истифодаи оқилонаи нерӯи барқ, ҷамъоварии босамари ҳосил, захираи кофии маводи ғизоӣ ва пешгирии гароиши ҷавонон ба равияҳои бегонаву ифротӣ, касбомӯзӣ ва забономӯзӣ, муҳоҷирати бехатарро таъкид карданд. Илова бар ин, саҳмгузории соҳибкорон ва шахсони саховатманд дар бунёду азнавсозии ҳаммомҳои ҷамъиятӣ муҳим шуморида шуд.
Дар идомаи вохӯрӣ масъулин бо назардошти ҷашни таърихиву муқаддаси 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинонро самимона табрик намуда, таъкид карданд, ки истиқлолият рамзи сарбаландиву озодии миллат буда, ҳифз ва таҳкими он қарзи ҳар як шаҳрванди кишвар аст.
Ҳамзамон, дар рафти мулоқот намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират, ки ба гурӯҳи кории Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор шомил аст, баромад намуда, ба таваҷҷуҳи сокинон расонид, ки дар асоси Қонуни Федератсияи Россия № 274 ФЗ аз 1 июли 2021 соли “Дар бораи ворид кардани тағйирот ба Қонуни Федералӣ “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия” ва Қонуни Федералӣ “Дар бораи бақайдгирии давлатӣ – дактилоскопӣ дар Федератсияи Россия”, ки аз 29 декабри 2021 сол ба иҷро даромад, фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ аз синни 6 сола вазифадоранд тартиби дактилоскопия (супоридани изи ангуштон) ва аксбардориро гузаранд.
Инчунин, мувофиқи Қонуни Федералии Федератсияи Россия аз 18.07.2006, № 109-ФЗ, моддаҳои 20-22 “Дар бораи бақайдгирии муҳоҷирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Федератсияи Россия”, шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла кӯдакони ноболиғ, уҳдадоранд, ки дар қаламрави Россия ба қайди ҷойи иқомат гузошта шаванд.
Агар кӯдак ҳамроҳи падару модар ё намояндагони қонунии худ ворид гардад, ӯ дар ҳамон суроғае ба қайд гирифта мешавад, ки падару модар (ё намояндаи қонуниаш) сабт шудааст. Ҳамаи амалҳои зарурӣ барои гузоштани кӯдак ба қайди муҳоҷиратиро падару модар ё намояндагони қонунии ӯ иҷро мекунанд.
Дар ҳолати риоя накардани қоидаҳои муқаррарнамудаи бақайдгирии муҳоҷиратӣ метавонанд чораҳои масъулияти маъмурӣ татбиқ шаванд: ҷаримаҳои маъмурӣ, ва дар ҳолатҳои ҷудогона — хориҷ намудан (депортатсия) аз қаламрави Федератсияи Россия. Дар фарҷоми мулоқот сокинон зимни саволу ҷавоб андешаҳои худро баён намуда, пешниҳодҳои арзанда ироа карданд. Вохӯрӣ дар фазои самимӣ ҷамъбаст гардида, зикр шуд, ки чунин мулоқотҳо дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Фархор бо маром идома дорад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон