Санаи 16 сентябри соли равон, дар толори Осорхонаи марказии шаҳри Турсунзода бо ибтикори Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) бо иштироки муҳоҷирони ба ватан бозгашта, аъзои оилаи онҳо, инчунин муҳоҷирони меҳнатии эҳтимолӣ сессияи иттилоотӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ, ки раисони маҳаллаҳо ва фаъолони ҷомеа ширкат меварзиданд, дар бобати муҳоҷирати бехатар ва қаллобии интернетӣ маълумоти муфассал ва дақиқ дастрас намуданд.
Ҳамзамон, дар назди иштирокчиён мушовири IOM (СБМ) Саидмуҳаммад Давлатов дар бобати муҳоҷирати бехатар сухан ронда, таъкид ба амал овард, ки имрӯз имконияти рафтан ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ғайр аз ба Федератсияи Россия, боз ба дигар давлатҳо имконпазир гардида, талабот низ нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирон дар доираи қонунҳои амалкунандаи ин кишвар ба танзим дароварда шудааст. Донистани забон, қонунҳои амалкунанда ва урфу одатҳои маҳаллии он кишвар барои муҳоҷирати меҳнатӣ пазиро мебошад. Мавсуф низому маҳдудиятҳои муҳоҷирати меҳнатиро дар мисоли муҳоҷирати меҳнатии мавсимӣ дар Британияи Кабир ба таври муфассал ва бо истифода аз нигоришҳо шарҳ дод.
Корманди Лоиҳаи Муҳоҷирати бехатар дар IOM (СБМ) Даврон Ҳикматов масъалаи қаллобии онлайниро бо истифода аз намунаҳои тарзу намуди қаллобиҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ намуда, таъкид кард, ки истифодабарандагони интернет бояд ҳар як маълумотро таҳлил намоянд, то ба доми қаллобон наафтанд.
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода Камолиддин Бобоев ба ташкилкунандагони сессияи иттилоотӣ ва ҳозирин ҷиҳати иштироки фаъолона миннатдорӣ намуда, изҳор дошт, ки масъалаи муҳоҷират дар замони имрӯз ба яке аз масъалаҳои ҷиддии иҷтимоӣ табдил ёфта, ба танзим даровардани раванди муҳоҷират, омода шудани шаҳрвандон қабл аз сафар ва масоили ба он марбут аз омилҳои муҳими ин раванд маҳсуб меёбад.
Номбурда бо истифода аз фурсат, инчунин таъкид кард, ки пеш аз сафар ба хориҷа забони давлатии ин кишварро дар доираи муошират донистан, доштани касби муносиб зарур аст, чунки дар кишвари қабулкунанда муҳоҷири забондон ва мутахассиси соҳибкасб ба мушкилиҳо гирифтор нахоҳад шуд.
Илова бар ин гуфта шуд, ки гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ба ҳар роҳ шомилшавӣ ба сафҳояшонро талош менамоянд, бахусус бо фиристодани паёмакҳои телефонӣ, саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ (одноклассники, фейсбук, вотсап, вайбер ва ғайра). Аз ин хотир дар истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва васоити алоқаи рақамӣ шаҳрвандон, махсусан ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ бояд ҳушёриву зирракиро аз даст надиҳанд. Дар итмоми чорабинӣ ба иштироккунандон варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати дар шаҳри Турсунзода