Бо мақсади гузаронидани корҳои иттилоотрасонӣ дар миёни шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо оид ба тағйиротҳои қонунгузории кишварҳои қабулкунанда дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ вохӯрии мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт Назарова Сулҳия ва мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия Мамадҷонова Ойсара бо сокинони ҷамоати деҳоти Понғоз баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ оид ба “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва инчунин гуфта шуд, ки ҳангоми сафар ба кишвари Россия ба қонуну қоидаҳои давлати қабулкунанда риоя намоянд. Итилоъ дода шуд, ки вобаста ба талаботҳои қонунгузории давлати қабулкунанда дар самти муҳоҷирати бехатар, расман фаъолият намудан дар кишвари иқомат, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, нигоҳдории ваъзи саломатию пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ машварат ва тавсияҳои муфид дода шуд.
Зикр гардид, ки муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки пеш аз оғози фаъолияти корӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, пас ба фаъолият оғоз намоянд, ҳуҷҷатҳои будубош ва қайди муваққатии худро дар доираи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат таҳия намоянд.
Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба тағйиротҳои охир дар қонунгузории кишвари Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, тартиби таҳсил ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабии кишвари иқомат ва дигар масъалаҳои марбут дар ин самт иттилоъ дода шуд.Бояд қайд кард, ки чунин як чорабинӣ бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан баргузор карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд