Вохӯриву суҳбатҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби кормандони масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” дар мавзуи омодагӣ пеш аз сафар, пешгирии ҳодисаҳои пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, одамрабоӣ ва донистани қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, идома дорад.
Бояд тазаккур дод, ки вобаста ба вазъи омаду рафти муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба Федератсияи Россия корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби масъулини Раёсат пурзур карда шудааст.
Дар рафти суҳбату вохӯриҳо бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ, таъкид карда мешавад, ки ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ пеш аз ҳама бояд аз қонунҳои Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ҳангоми будубош ё давраи фаъолияти корї дар қаламрави ин кишвар огоҳ бошанд.
Инчунин, қайд гардид, ки ҳангоми сафар ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қабили шиносномаи тиббӣ, оиди надоштани бемориҳои сироятӣ, надоштани доғи судӣ ва ҳуҷати касбиро ҳатман бо худ гирифтан зарур аст. Пеш аз сафар ба шуъбаю бахшҳо ва раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар ҷойи зист муроҷиат намуда, бори дигар вуруди худро ба Федератсияи Россия муайян намуда, баъдан азми сафар намоед.
Ҳамзамон, масъалаи дигаре, ки ташвишовар мебошад, ба самъи шаҳрвандон расонида шуд, ки аз моҳи феврали соли 2024 “Ҳазориспанд” дар ҳудуди Федератсияи Россия ба руйхати растаниҳое дохил карда шудааст, ки он дорои маводи мухаддир, психотропӣ ё прекурсорҳои онҳо мебошанд.
Гардиши ғайрқонунӣ ва истифодаи ин растанӣ дар қаламрави ФР, аз ҷумла воридот барои мақсадҳои шахсӣ ва тиббӣ манъ буда, тибқи модаи 231 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия ҷазо дар шакли ҷарима ё ҳабси маъмуриро пешбинӣ мекунад ва барои шаҳрвандони хориҷӣ ихроҷ (депортатсия) аз қаламрави Федератсияи Россия муайян карда шудааст.
Қайд кардан зарур аст, ки барои аз 10 адад зиёд бо худ доштани растании “Ҳазориспанд” ҷавобгарии ҷиноятӣ дар шакли ҷарима ба малағли 1 миллион рубли русӣ ё ин ки ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ пешбинӣ шудааст.
Тибқи маълумотҳои бадастоварда алакай ду нафар зани тоҷик, ки бо мақсади шахсӣ ва тиббӣ “Ҳазориспанд”-ро ба ФР ҳамроҳи худ гирифтанд, дар фурудгоҳҳои Федератсияи Россия дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
Нисбати яке аз онҳо парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 228 қисми 2 (ғайриқонунӣ ба даст овардан, нигоҳдорӣ, интиқол, истеҳсол, коркард, бидуни ҳадафи фурӯши маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ё ҳамтоёни онҳо ба андозаи ҳаҷмаш калон) ва 229 иловаи 1 қисми 3 (ҳаракати ғайриқонунӣ тавассути сарҳади гумрукии иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ё сарҳади Давлатии Федератсияи Россия бо давлатҳои аъзои иттиҳоди иқтисодии Авруосиё маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо ё аналогҳои онҳо, растаниҳои дорои маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳои онҳо, асбобҳо ё таҷҳизоте, ки таҳти назорати махсус қарор доранд ва барои истеҳсоли маводи мухаддир ё моддаҳои психотропӣ, нисбати маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо ё аналогҳои онҳо, растаниҳои дорои маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳои онҳо ба андозаи калолн содир карда мешаванд) Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия оғоз гардида, паз аз ба итмом расонидани тафтишот парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол ва охирин бо ҳукми суди Федератсияи Россия ба ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ ба муҳлати 8 сол маҳкум гардидааст.
Ба самъи муҳоҷирон-шаҳрвандони мамлакат расонида мешавад, ки дар ҳолати дучор шудан ба чунин мушкилиҳо бояд ба Намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Сафорату Консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикстон дар ин кишвар, инчунини бо сохторҳои амниятии давлати Россия тариқи телефонҳои боварӣ муроҷиат намоянд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе