• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Коррупсия зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа

Migration Service by Migration Service
22.09.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Коррупсия зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб имрӯз  боиси ташвиши ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Коррупсия низ дар қатори дигар хатарҳои глобалӣ ба мисли терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар аъзои ҷомеа зарари назарраси моддиву маънавӣ мерасонад.

Вазифаҳои асосии пешгирӣ аз муқовимат ба коррупсия аз таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, ҷамъияту давлат аз коррупсия, амали сохтани асосҳои меъёрии ҳуқуқии пешгирӣ, ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, васеъ намудани татбиқи чораҳои пешгирикунанда дар самти муқовимат ба коррупсия ва ҳамкори бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат мебошад.

Коррупсия яке аз масъалаҳои замони муосир ба ҳисоб рафта, он сади роҳи рушди инкишофи давлатҳо мегардад. Аз ин рӯ, ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонунӣ андешад. Барои пешгирӣ аз ҳама ҷинояткорӣ ва мубориза бо коррупсия, санаи 31-уми октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Мутаҳид, зиддикоррупсия қабул гардида, санаи 9-уми декабри соли 2003 дар конфронси сиёсӣ зиёда аз 100 давлати дунё ба Конвенсияи мазкур  имзо гузоштанд. Ҳамин тавр бо ташаббуси Созмони Милали Мутаҳид ҳамасола 9-уми декабри хамчун Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо коррупсия қайд карда мешавад.

Дар қатори дигар чорабиниҳое, ки барои муқовимат ба коррупсия пешбинӣ шудаанд, нақши аз ҳама асосӣ ва муҳимро чораҳое мебозад, ки онҳо пеш аз ҳама ҷиҳати  огоҳсозӣ ва пешгирӣ кардани ҳолатҳои коррупсионӣ ва ошкору аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда равона карда мешаванд. Зеро ошкор кардани сарчашмаи пайдоиши хавфҳои коррупсионӣ ва омилҳои бавуҷудоварандаи он, мубориза алайҳи ин падидаи номатлуб мушкил мегардад.

Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон зимни вохурӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қайд намудаанд, ҳануз дар аҳди бостон калимаи “Коррупсия” ба ислоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурӯхтани мансаб маънидод карда шуда, ҳамчун рафтор истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиати шахсӣ фаҳмида мешуд ва афродӣ ба чунин амал даст зада, дар ҳамон давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.

Дар кишвари мо ин раванд бо таҳияи маҷмуи ташкилию ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ки ба пешгирӣ, ошкору бартараф кардани ҳолатҳои коррупсионӣ ва ташкили муборизаи судманди он равона шудаанд. Вазифаҳои асосии пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия аз таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, ҷамъияту давлат аз коррупсия, амали сохтани асосҳои меъёрии ҳуқуқӣ, пешгирӣ ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, муносибсозии шакл, усул ва воситаҳои муқовимат ба корупсия, васеъ намудани татбиқи чораҳои пешгирикунанда дар самти муқовимат ба коррупсия ва ҳамкорӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат мебошад.

Коррупсия низ дар қатори дигар хатарҳои глобалӣ ба мисли терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳар як аъзои ҷомеа зарари назарраси моддиву маънавӣ мерасонад. Албата бо боварӣ метавон гуфт, ки дар ин раванди зидди фасод дар баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аҳли фарҳангу адаб, чун адибону шоирон, коргардонҳо ва аҳли кормандони фарҳанг нақши муҳим гузошта метавонанд дар зеҳни мардум афкори зиддикоррупсиониро бедор намоянд. Агар ҳар як шаҳрванд ба хотири ободии Ватани азизамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон содиқонаву садоқатмандона дар ин самт саҳмгузор бошем, то як андоза мо метавонем шидати коррупсияро дар ҷомеаи имрӯза паст созем.

Бо шарофати ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин заминаҳо дар кишвари мо фароҳам оварда шуда иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза ба ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст. Аз ҷумла, дар  ин самт қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи замон ҷавобгу қабул шуда, ниҳоди махсусгардонидашудаи давлатӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ниҳоди умумимилии Шурои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис дода шудаанд.

Солиев М,

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Зафаробод                            

Previous Post

Шанбегии дастаҷамъона

Next Post

Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар шаҳри Хуҷанд

Next Post
Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар шаҳри Хуҷанд

Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар шаҳри Хуҷанд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.