Субҳи 27 сентябри соли 2025 дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии дастаҷамъона бо иштироки кормандони Дастгоҳи марказии Хадамот МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” баргузор гардид.
Иқдоми мазкур дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ободу зебо нигоҳ доштани муҳити зист роҳандозӣ гардид.
Дар ҷараёни шанбегӣ кормандон ба корҳои тозакорӣ, ободонӣ ва шаклдиҳӣ ба дарахту буттаҳои ороишӣ, инчунин батартибдарории саҳн ва атрофи бинои Хадамот машғул шуданд, ки ба баланд бардоштани сатҳи фарҳанги зист ва ободу озода нигоҳ доштани муҳити корӣ мусоидат менамояд.
Бояд зикр намуд, ки ободу зебо нигоҳ доштани муассиса ва муҳити атроф аз ҷумлаи иқдомҳои пайвастаи роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират ба ҳисоб рафта, барои фароҳам овардани фазои солим ва муҳити мусоиди корӣ барои кормандон нақши муҳим хоҳанд гузошт.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират