• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Терроризм ва хатари он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ

Migration Service by Migration Service
29.09.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Терроризм ва хатари он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Асри ХХI бо фазо, раванд ва воқеоти дар худ фарогирифтааш аз ҷумлаи асрҳои гузашта фарқ карда меистад.Гарчанде падидаҳои ҷойдошта зодаи танҳо ин аср нестанд, аммо дар замони нав ҷомаи навро ба худ гирифтаанд, яъне ҳар як падида шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кард. Терроризм низ падидаи нав набуда, балки нишонаҳои  он  дар давраҳои гузашта – асрҳои миёна мавҷуд будааст.

Дар замони муосири ҷаҳонишавӣ терроризм ҳамчун ҷараёни номатлуби ҷамъияти инсонӣ бо тарзу усули хосаи худ ба миён омад. Ҳоло терроризм яке аз  масъалаҳои мушкили ҷамъиятиест, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст. Воқеаҳои мудҳиши ҷумҳуриҳои Сурия, Ироқ, Афғонистон, Покистон ва ҳодисаҳои нангини шаҳрҳои Ню-Йорк, Париж, Лондон, Москва, Санкт-Петербург, Волгоград мардуми озодфикру равшанзамири ҷаҳонро ба мубориза бар зидди терроризм муттаҳид сохт. Ин масъала борҳо намояндагони кишварҳои оламро сари мизи гуфтушунид овардааст. Мавзуи терроризм ҳоло ҳадафу самти фаъолияти даҳҳо ташкилоту созмонҳо мебошад. Вале, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, терроризм ва таъсири он на танҳо сусту заиф гардидааст, балки рўз аз рўз бо дастгирии давлатҳои абарқудрат ҳодисаҳои таркондан бештар гардидаанд.

Ҳамарӯза амалиётҳои гуногуни террористӣ дар гўшаю канори олам ва садҳо таркишу ҳазорон қурбонии он ва иттилооти фаровони ВАО дар ин хусус далели ин гуфтаҳоянд. Дар раванди глобализатсия он масъалаҳое, ки ташвиши танҳо як давлат буданд ва қариб таъсире ба давлатҳои дигар надоштанд, хосияти давлатиро гум карда, ё бо ибораи дигар, он масъала ташвиши тамоми ҷаҳониён гардид. Хатаре дар як давлат ва таъсири он ба давлатҳои олам, монанд ба маризе дар як узви инсон аст, ки кулли аъзоро мутаваҷҷеҳи худ месозад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ дар иҷлосияи сеюми фавқулоддаи Созмони Конфронси Исломӣ, ки дар шаҳри Макка 7 декабри соли 2005 баргузор гашт, гуфта буд: “террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва ватан надорад ва душмани Худову бандагони уст ин гуна нерўҳо аз номи Ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳон фарҳангӣ волои Исломро пиёда месозанд”.

Бояд дар назар дошт, ки дар солҳои баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шўравӣ дар Тоҷикистон ҳам дар асари таъсири омилҳои айнӣ ва ҳам зеҳнӣ мухолифатҳо ва амалҳои ифротӣ зиёд шуда, гурўҳҳо ва созмонҳое ташкил шуданд, ки дар фаъолияти худ аз шеваҳои ифротии мубориза истифода менамоянд, ки ниҳоят ба афзоиши амалҳои террористӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид.

Дар ҷараёни майдоннишиниҳо (дар майдони “Шаҳидон” ва “Озодӣ”, ки ҳар ду майдон ҳам аз шеваҳои ифротии мубориза истифода менамуданд) ба гаравгон гирифтани вакилони мардумӣ, фишор овардан ба онҳо дар ҷараёни кори парлумон, ғасби биноҳои ҳукуматӣ як амри муқаррарӣ шуда буд.

Камтаҷрибагии нерўҳои сиёсӣ ва давлати навистиқлол якҷо бо омилҳои дигари дохилию берунӣ ба амалҳои ифротӣ ва ниҳоят ба террору ҷанги дохилӣ сабаб гардид. Он солҳо як қатор шахсиятҳои бузурги сатҳи давлатиро  бо амалҳои террористӣ нобуд карданд.

Солҳои охир низ созмонҳое зиёд пайдо гардидаанд, ки бо истифодаи шиорҳои динӣ ва аз номи дин даст ба ифротгароӣ, экстремизм ва ниҳоят ба террор намудани ин ё он давлат, ҷомеаи муайян машғул мешаванд. Барои ҳамин имрўз пеш аз ҳама бо ҷавонон бештар кор бояд кард, то онҳо огоҳ бошанд, ки бештар ҳизбу ҳаракатҳои манфиатҳои сиёсиву идеологӣ дошта, на барои манфиати мардум, балки бо фиреб додани аҳолӣ аз паи амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноки худ мебошанд.

Чуноне дар боло ишора рафт, таҳқиқи падидаи ифротгароӣ ва махсусан терроризм, бисёр мушкиласт, зеро мафҳуми худи терроризм он қадар маълум ва мушахас нест. Вале як чизи манфии возеҳ дар бораи терроризм вуҷуд дорад, ки он зӯроварӣ ва хушунат аст. Ҳатто андешапардозони террор ва иҷрокунандагони амали террористӣ эътироф мекунанд, ки террор ин зўроварӣ (ба фикри онҳо зўроварии ҳақ ва ногузир) аст.

Бояд иқрор шуд, ки имрўз ягон кишвар аз хатари терроризм эмин нест ва яке аз роҳҳои аз байн бурдани хатари ин падидаи манфур дастҷамона мубориза бурдани кишварҳои ҷаҳон ва бартараф намудани сабабҳои зуҳурёбии он мебошад.

Авазов М, корманди масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Экстремизм – вабои аср

Next Post

Забон – омили бақо ва гавҳари ҳастии миллат аст

Next Post
Забон – омили бақо ва гавҳари ҳастии миллат аст

Забон – омили бақо ва гавҳари ҳастии миллат аст

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.