• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Забон – омили бақо ва гавҳари ҳастии миллат аст

Migration Service by Migration Service
29.09.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Забон – омили бақо ва гавҳари ҳастии миллат аст
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бино ба назари пажӯҳишгарон дар сад соли оянда хатари аз байн рафтани тақрибан ҳаштод дарсади забонҳои дунё вуҷуд дорад. Бо назардошти ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушду такомули забони тоҷикӣ ҳамвора чорасозӣ мекунад ва таваҷҷуҳи шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нисбат ба ин масъала намунаи беҳтарини ҳифзи арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Забон муҳимтарин моя, омили бақо ва гавҳари ҳастии миллат аст, ба ин хотир, ҳифз ва рушди пайвастаи он як самти муҳими фаъолияти давлат аст. Бо шарофати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар оид ба гиромидошти забони тоҷикӣ ва татбиқи Қонуни забон давра ба давра асноду дастурҳои муҳим қабул гардида, соли 1995 Комиссияи татбиқи Қонуни забон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардид, соли 1997 Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тавсеа ва рушди забони давлатӣ ба тасвиб расид, соли 1998 бо қарори Ҳукумат Имлои нави забони тоҷикӣ тасдиқ гардид ва ниҳоят, 5 октябри соли 2009 бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни нав “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Натиҷаи ҳамин сайъу талошҳо буд, ки имрўз забони тоҷикӣ дар ҷомеа мавқеи мустаҳкам пайдо намуда, ба забони илм, муоширати байни миллатҳои Тоҷикистон бадал шудааст. Бо ин забон даҳҳо номгўи матбуоти чопӣ интишор мегардад, барномаҳои зиёди радио ва телевизионӣ таҳия гардида, китобҳои дарсӣ, маводи таълимӣ ва омўзишии зиёд  чоп мешавад. Бо фаъолияти Комиссияи Олии Атестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони рисолаҳои илмӣ низ тоҷикӣ хоҳад буд ва ин маънои онро дорад, ки минбаъд забони тоҷикӣ ба ҳайси забони илм дар тамоми соҳаҳои ҷомеа мавриди амал қарор гирифта, ақидаи иддае аз пажўҳишгаронеро, ки гўё ин забон ба сифати забони илм ниёзҳои ҷомеаро бароварда наметавонад, ботил месозад.

Забон шиносномаи миллат аст ва аз байн рафтани он маънои нобудии миллатро низ хоҳад дошт. Миллати тоҷик баъди салтанати Сомониён беш аз ҳазор сол давлатдор набуд, вале забон дошт ва ҳифзи ин омили муҳим имкон дод, ки миллати тоҷик дар дарозои таърих зинда монад, рушд намояд ва дар натиҷаи ба вуҷуд омадани шароити мусоиди таърихӣ дубора эҳё шавад.

Тарғиби адабиёти пурғановати тоҷик, осори ниёгони мо, анъанаҳои мардумӣ ва арзишҳои миллӣ маҳз бо воситаи забон сурат мегирад, ба ин хотир, ҳизфи забон, ҳифзи сарватҳои маънавии ҷомеа низ мебошад.

Дар замони муосир забон афкори миллиро ташаккул медиҳад ва аз ҷониби дигар, василаи таъсиррасон ба афкори ҷомеа аст. Ғасби фазои расонаӣ, роҳандозии набардҳои равониву лафзӣ, тарғиби идеологияи ғайр тавассути забон сурат мегирад ва бесабаб нест, ки расонаҳои хориҷӣ барномаҳои тарғиботии худро ба забони тоҷикӣ таҳия намуда, ба рўҳияи мардум таъсир мерасонанд. Дар ин росто, бо ташаббуси Сардори давлат пеш аз ҳама фазои расонаи мамлакат бо барномаҳои тарғибкунандаи забон, урфу одат ва анъанаҳои мардумӣ мукаммал гардонда шуд. Арзи ҳастӣ намудани шабакаҳои нави радио ва телевизионӣ, агар аз як тараф, барои рушд ва тақвияти забони миллӣ  мусоидат намоянд, аз ҷониби дигар, барои дар рўҳияи солим ташаккул додани афкори миллӣ нақш мебозанд.

Забон василаи сохтани ҳувияти миллист, шахсе ки асолати худро мешиносад, аз Ватан ва муқаддасоти миллӣ ифтихор мекунад ва бад ин васила худшинос ва худогоҳ мегардад. Яъне, забон қисми таркибии ҳуввияти миллӣ буда, воситаи заминасоз барои падидории ифтихори миллӣ дар замири ҳамватанон аст. Ҳамин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва ҳисси баланди худшиносии Президент буд, ки бо тасмими ӯ соли 2008 Соли бузурдошти забони тоҷикӣ эълон гардид. Баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ эҳсоси худшиносии ҷомеаро бамаротиб боло бурд ва марҳилаи тозаеро дар рушди забони тоҷикӣ фароҳам овард.

Бобиев Садриддин,

Сардори шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Терроризм ва хатари он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ

Next Post

Идомаи вохўриву суҳбатҳо дар “Фурудгоҳи байналмилалии  Кӯлоб”

Next Post
Идомаи вохўриву суҳбатҳо дар “Фурудгоҳи байналмилалии  Кӯлоб”

Идомаи вохўриву суҳбатҳо дар “Фурудгоҳи байналмилалии  Кӯлоб”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.