30 сентябри соли 2025 бо ибтикори Маркази захираҳои муҳоҷирон (ICMPD) дар доираи чорабиниҳои ҳармоҳа ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар Хадамоти муҳоҷират дар мавзӯи “Маориф ва муҳоҷират” сесияи иттилоотӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндаи Маркази захиравии муҳоҷирон (ICMPD) Нисо Фаромузова, баромад намуда, дар бораи муассисаҳои таълимии тобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод. Аз ҷумла, оид ба нақши таҳсилоти касбӣ дар ташаккули нерӯи муҳоҷирони корӣ, инчунин самаранокии онҳо дар реинтегратсияи минбаъдаи шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар суханронӣ намуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба баромадкунанда саволҳо вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар дода шуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифта шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират