Дар асоси нақшаи кории бахши Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо МИҲД –и ноҳияи Спитмен, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия дар деҳаи Хавотаги ҷамоати деҳоти Куруши ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Масъулин оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар суханронӣ намуда, вобаста ба таъмини тозагиву озодагии иншооту биноҳо, ташкилоту муассисаҳо, кӯчаву маҳаллаҳо, манзили истиқоматии ҳар як оила дар деҳот бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, огоҳ намудани ҷавонон аз хатарҳои экстремизм ва терроризм, тақвият додани корҳои ободониву созандагӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, касалиҳои сироятӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва фаро гирифтани занону духтарон ба курсҳои касбомӯзӣ, муҳоҷирати бехатар, риояи қонунҳои амалкунанда, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии тамоюли бегонапарастӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами рӯз ибрози андеша карданд.
Дар чорабинӣ таъкид карда шуд, ки бузургтарин неъмате, ки барои мо насиб гаштааст, ин истиқлолу озодӣ, суботи миллӣ ва ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз бо заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат ва сарҷамъии мардум Тоҷикистони азизи мо рӯз аз рӯз ободу зебо гашта, обрӯву нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускору сулҳпарвар боло рафта истодааст.
Масъули Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар иттилоъ дода, таъкид намуд, ки ҳангоми сафар ба давлатҳои хориҷӣ ба қонуну қоидаҳои давлати қабулкунанда риоя намоянд ва вобаста ба талаботи қонунгузории давлати қабулкунанда дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, расман фаъолият намудан дар кишвари иқомат, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, нигоҳдории ваъзи саломатию пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ машварат ва тавсияҳои муфид дода шуд. Зикр гардид, ки муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки пеш аз оғози фаъолияти корӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, пас ба фаъолият оғоз намоянд, ҳуҷҷатҳои будубош ва қайди муваққатии худро дар доираи талаботи қонунгузории кишвари иқомат таҳия намоянд.
Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба тағйиротҳои охир дар қонунгузории кишвари иқомат хусусан дар кишвари Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, тартиб ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ ва таълимии кишвари иқомат, масъалаҳои радикализм, экстремизму терроризм ва дигар масъалаҳои марбут иттилоъ дода шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд