Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки иҷтимоӣ буда, барои рушди давлат ва ҷомеа монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунад. Ин падида на танҳо ба иқтисодиёт ва идоракунии давлатӣ, балки ба пояҳои ахлоқии ҷомеа низ зарари ҷиддӣ мерасонад. Ҳар қадаре ки коррупсия дар кишвар реша медавонад, ҳамон қадар рушди иқтисодӣ суст, адолати иҷтимоӣ коста ва эътимоди мардум ба давлат заиф мегардад.
Коррупсия шаклҳои гуногун дорад: гирифтани пора, истифодаи мансаб ба манфиати шахсӣ, суистифода аз ваколати хизматӣ, муносибатҳои шиносбозӣ ва ришвадиҳӣ дар бахшҳои гуногун. Ҳар як шакли он ба поймол шудани ҳуқуқи шаҳрвандон ва барҳам задани баробарии иҷтимоӣ оварда мерасонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бо коррупсияро яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ қарор додааст. Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 далели равшани ин талошҳост. Қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, тамоми заминаҳои ҳуқуқиро барои пешгирӣ ва мубориза бо ин падидаи номатлуб фароҳам овардааст.
Аммо мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои давлатӣ нест. Ин мубориза бояд ба ҳаракати умумиҷамъиятӣ табдил ёбад. Ҳар як шаҳрванд, новобаста ба мақом ва вазифааш, бояд ба амалиёти коррупсионӣ “не” гӯяд. Агар мардум худ бо хоҳиши пок ва масъулияти шаҳрвандӣ амал кунанд, сатҳи коррупсия ба таври назаррас коҳиш меёбад.
Омилҳои асосии паҳншавии коррупсия аксаран паст будани маърифати ҳуқуқӣ, набудани масъулияти шаҳрвандӣ, камранг будани арзишҳои ахлоқӣ ва тамаъҷӯӣ мебошанд. Барои решакан кардани ин падида зарур аст, ки ҷомеа ба маърифат такя кунад, тарбияву фарҳанги зиддикоррупсионӣ рушд ёбад ва насли нав бо арзишҳои ростқавлӣ ва масъулиятшиносӣ тарбия ёбад.
Дар ин замина, нақши оила ва муассисаҳои таълимӣ хеле муҳим аст. Агар ба кӯдак аз хурдсолӣ ростқавлӣ, поквиҷдонӣ ва нафрат ба амалҳои номатлуб омӯзонда шавад, ӯ ҳеҷ гоҳ дар оянда ба амалҳои коррупсионӣ даст намезанад. Ҳамчунин, ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд саҳмгузор бошанд ва бо мақолаҳо, барномаҳои тарбиявӣ ва маъракаҳои иттилоотӣ зеҳни мардумро зиддикоррупсионӣ намоянд.
Коррупсия на танҳо ба иқтисод ва идоракунии давлатӣ зарар мерасонад, балки боиси камбизоатӣ, афзоиши бекорӣ ва пастравии сатҳи зиндагии мардум низ мегардад. Ба ибораи дигар, ҳар як амали коррупсионӣ як зарбаи мустақим ба рушди кишвар ва сарнавишти миллат аст.
Ҳукумати кишвар пайваста тадбирҳои муассир меандешад, то заминаҳои амалии коррупсия барҳам дода шавад. Аммо барои пурра муваффақ шудан ба ин ҳадаф, ягонагии тамоми ҷомеа зарур аст. Танҳо дар сурати якҷоя – давлат ва ҷомеа – метавонем бар ин падидаи хавфнок ғолиб оем.
Бояд дарк намоем, ки мубориза бо коррупсия мубориза барои ояндаи давлат, амнияти ҷомеа ва саодати насли оянда мебошад.
Алимадонов Ф,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Қубодиён