Ҳимояи марзу буми Ватан қарзи муқаддаси ҳар ватандор асту шаҳрванди меҳанпараст вазифадор аст, ки ҳар як пораи кишварашро чун гавҳараки чашм азиз донад ва ба он арҷгузор бошад.
Маълуми ҳамагон аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронду аз тараққиёту пешрафт солҳои дароз ақиб монд… Хушбахтона мардуми аз асли худ огоҳ, аз таърихи миллат ва хидмати аҷдоди хеш дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ огоҳ дар се мафҳуми калидӣ: худшиносии миллӣ, ин арзишҳо ва манофеъи миллиро дар сатҳи олӣ ба вусъат ва густардагӣ расмият бахшид.
Ин фалсафа ба умқи шуури ҳар шаҳрванди ватанпарвари кишвар ҷой гардидаасту ҳамагон ба хубӣ дарк намудаем, ки ҳифзи Ватан, арҷгузорӣ ба марзу бум қарзи шаҳрвандии мост.
Ин Ватан аз мост, ин сарзамин аз мост, ин ободӣ аз барои мост, пас чаро мо марзу буми ин Ватанро ҳимоя накунему ба ҳифзаш ҷон набиспорем? Тоҷик ҳамеша миллати худро гиромӣ медошт ва мо ҳам чун пешгузаштагони худ, дар ҳифзи Ватан, дар ҳимояи ин кишвари кӯҳсору офтобрӯя мекӯшем.
Гулмаҳмадзода Шамшод,
Сармутахассиси Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе