• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Коррупсия – яке аз монеаҳои ҷиддии рушди ҷомеа ва давлат

Migration Service by Migration Service
06.10.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Коррупсия – яке аз монеаҳои ҷиддии рушди ҷомеа ва давлат
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад.

Коррупсия имрӯз чӣ дар адабиёти илмӣ ва чӣ дар сатҳи муносибатҳои сиёсии давлат дар ҷомеа мавриди баҳсу мунозираи илмиву ҳаётӣ қарор гирифтааст. Мафҳуми коррупсияро дар маънии пора, ришва, порадиҳӣ ва ришвахӯриву ришвадиҳӣ дар шакли туҳфа ва ғайраҳо маъмул медонанд ва истифода мебаранд. Воқеан, дар баъзе мавридҳо ибораи фасод, фасодкорӣ ва фасодзадагии одамон дар ҷомеа ва ҳатто худи давлат ва ҷомеа низ мавриди истифода қарор дода мешавад. 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2020, №1714 “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” зери мафҳуми коррупсия кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад.

Коррупсия аз нигоҳи илмӣ падидаи иҷтимоию иқтисодӣ маҳсуб гашта, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шаклҳои гуногун ба амал меояд. Ҳатто имрӯзҳо одамон барои зудтар анҷом додани масъалаи душвор, кори таъҷилӣ, иҷрои кори муайян, ҳалли масъалаҳои ҳуҷҷатнигорӣ, пӯшондани ҷиноят ё раҳоӣ бахшидан аз ҷиноят ва дигар ҳолатҳои ғайриқонунӣ ба амалҳои коррупсионӣ даст мезананд.

Ҷиҳати роҳ надодан ё пешгирии коррупсия дар олами муосир ва бо мақсади мустаҳкам намудани сиёсати зиддикоррупсионӣ ва таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии мубориза бо коррупсия иқдомҳои зиёде, ба монанди муборизаи муташаккил тавассути қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, таъсиси ниҳодҳои дахлдори муқовиматкунанда ба коррупсия амалӣ мегарданд. Қобили зикр аст, ки 31 октябри соли 2003 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид “Конвенсия оид ба мубориза алайҳи коррупсия”-ро қабул намуда, муқаррар намуд, ки бо мақсади ҷоннок намудани мубориза бар зидди коррупсия 9-уми декабр ҳама сола Рӯзи байналхалқии мубориза бо коррупсия дар ҷаҳон пазируфта шавад.

Дар бобати масъалаи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тадбирҳои саривақтӣ андешида шуда буд. Ҳанӯз, 10 декабри соли 1999 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” қабул гардида, бо дарназардошти қабул гардидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия 25 июли соли 2005, №100 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” дар таҳрири нав мавриди амал қарор гирифта буд. Баъдан бо таъсисёбии Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабул гардидани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 20 марти соли 2008, №374 ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз 7 августи соли 2020, №1714 фазои зиддикоррупсионии кишвар ва заминаҳои ташкилию ҳуқуқии он мустаҳкам карда шуд.

Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта то ин муддат се санади барномавии дурнамо “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” аз 26 январи соли 2008, №34; “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” аз 30 августи соли 2013, №1504; “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” аз 3 августи соли 2021, №222 ва “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, ки бо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 тасдиқ шудааст, ба муборизаи беамон ва коҳиш додани сатҳи болоравии коррупсия дар кишвари азизамон заминаи воқеию ҳуқуқӣ гузоштанд.

Вазифаи асосии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва ошкор кардану безарар гардонидани амалҳои коррупсионӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Агентӣ мақомоти ваколатдори назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, назорати давлатии молиявиро оид ба самарабахшии истифодаи воситаҳо ва амволи давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи пешгирӣ, ошкорсозӣ, огоҳсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта иҷро менамояд.

Дар маҷмуъ, коррупсия танҳо хоси як гурӯҳи одамон набуда, он барои кулли шахсоне, ки мақсадҳои гуногуни номатлуб доранд, мавриди истифода қарор мегирад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии кишвар аз санаи 26 январи соли 2021 таъкид доштанд, ки “Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад”.

Бинобар ин, ҳамаи моро зарур аст, ки ба ин зуҳурот ба таври муташаккилона муқовимат бурда, ташвиқу тарғибро низ ба муқобили он ба таври густурда ба роҳ монем.

Муқумов Ашӯрмаҳмад,

Сармутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент

Previous Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Спитамен

Next Post

Экстремизм амалест ба муқобили амнияту оромии ҷомеа

Next Post
Экстремизм амалест ба муқобили амнияту оромии ҷомеа

Экстремизм амалест ба муқобили амнияту оромии ҷомеа

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.