• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрии судманди гурӯҳи таблиғотӣ бо сокинони касбу кори гуногуни ҷамоати деҳоти Хуросони ноҳияи Фархор

Migration Service by Migration Service
07.10.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯрии судманди гурӯҳи таблиғотӣ бо сокинони касбу кори гуногуни ҷамоати деҳоти Хуросони ноҳияи Фархор
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Фархор сӯҳбату вохӯриҳо бо сокинон доир гардида истодааст.

Ин навбат вохӯрии гурӯҳи кории таблиғотӣ бо сокинони касбу кори гуногуни ҷамоати деҳоти Хуросон дар МТМУ №64 баргузор гардид.

Дар мулоқот нотиқон муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси васеи КИМ ҲХДТ дуруст ва самаранок истифода бурдани қувваи барқ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика”, оид ба беҳтар намудани шароити фарзандон барои китобхонӣ ҷалб намудан дар хонавода, бо назардошти боздид аз шароити фароҳам овардашуда ба фарзандон, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, пардохти саривақтии маблағҳои хизматрасонии коммуналӣ, махсусан маблағҳои истифодаи қувваи барқ, об, партов ва замин, оид ба вазъи ноустувори сиёсии ҷаҳон, афзун гардидани хатару таҳдид ба амнияти саросари кишвар, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, пешгирии гаравиши баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию терористӣ, муҳоҷирати бехатар, шуғли пурмаҳсул, тарбияи ахлоқии насли наврас ва ҷавон, таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ, баргузории маъракаҳои хурсандӣ ва азодорӣ дар доираи меъёрҳои қонун, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва дигар масъалаҳои муҳимро таъкид намуданд.

Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ намояндаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия, ба таваҷҷуҳи сокинон расонид, ки донистану риоя кардани қонуну қоидаҳои кишварҳои бакорқабулкунанда вазифаи ҳар як шаҳрванд ва хоса муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳисоб рафта, надонистан ва ё саркашӣ кардан аз он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ оварда мерасонад.

Бояд зикр кард, ки имрӯзҳо дар қаламрави Федератсияи Россия 19 намуди растанӣ таҳти назорати давлатӣ қарор дошта, барои парваришу нигоҳдории ин растаниҳо тибқи моддаи 231-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия ҷавобгарӣ муқаррар шудааст.

Яке аз чунин растаниҳо ин “Ҳазориспанд” ё “Гармала” мебошад, ки алкалоидҳо ба монанди гармалину гармин ва хусусияти психоактивӣ дорад. Ин растанӣ барои ворид, муомилот ва истеъмол дар ҳудуди Россия қатъиян манъ шудааст.

Бинобар ин, аз ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки ҳангоми сафар ба Федератсияи Россия аз бурдани ҳазориспанд худдорӣ намоянд ва ба хотири чанд миқдор маблаѓ ҳаёти худу оилаи худро зери хатар нагузоранд.

Дар вохӯрӣ сокинон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. Иттилоъ медиҳем, ки дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Фархор суҳбату вохӯриҳо бо маром идома дорад.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Таҳдид ба арзишҳои инсонӣ

Next Post

Идомаи мулоқоти судманд бо сокинони ҷамоати Куштеппаи ноҳияи Темурмалик

Next Post
Идомаи мулоқоти судманд бо сокинони ҷамоати Куштеппаи ноҳияи Темурмалик

Идомаи мулоқоти судманд бо сокинони ҷамоати Куштеппаи ноҳияи Темурмалик

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.