• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Терроризм ва экстремизм – таҳдид ба амният

Migration Service by Migration Service
10.10.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Терроризм ва экстремизм – таҳдид ба амният
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар замони муосир ҷомеъаро падидаҳои номатлуб ба монанди ифротгароӣ ва терроризм ба ташвиш овардааст. Сабабҳои шомилшавии ҷавонони имрӯза ба чунин гурӯҳҳо ин пеш аз ҳама ноогоҳии баъзе ҷавонон аст. Ба ин гурӯҳҳо ҷавонони гумроҳ, дур аз аслияти хеш, аз илму маърифат, ки фирефтаи фиребу найранги чунин нохалафон гаштаанд, таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд.

Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир мерасонанд. Маҳз бо ҳамин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ расидан истифода баранд. Қурбони терроризм асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода барои дафъи он кӯшиш кунанд,то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

Сабабҳое, ки боиси ба гурӯҳҳои тундрав рафтани баъзе аз шаҳрвандон мешаванд, ноогоҳӣ, наёфтани мавқеъ дар ҷомеа, муҳоҷирати меҳнатӣ дигарҳо мебошанд. Ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои тундрави экстремистиву террористӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа худро хамчун поку софдил ва ҳақиқатгӯ муаррифӣ карданӣ мешаванд ва бо ҳар роҳу восита матлабҳои нодурусти худро тарғибу ташвиқ намуда, ҷавонони бегуноҳ ва ноогоҳро дар чорроҳаи зиндагӣ бо роҳи фиреб ба доми худ мекашанд. Тоҷикистон зери сиёсати сулҳҷӯёнааш ҳамеша амалҳои террористиро маҳкум мекунад ва яке аз давлатҳое мебошад, ки дар Осиёи Миёна дар мубориза бо терроризму экстремизм пешсаф аст.

Ба қадри неъмате чун истиқлоли давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ,маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.

Моро лозим аст, фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба аҳли ҷомеа, бахусус ҷавононамон фаҳмонем, ки ба тақлидхои кӯр‐кӯрона дунболи ифротиён нараванд. Вазъияти фазои динии ватанамон ба ҳамагон маълум аст, ки давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳама мусулмон буда, ба муқаддасоти динӣ ва дастуроти шариати Ислом эҳтиром мегузоранд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта на танҳо барои вусъатёбӣ, балки роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубриза хоҳанд бурд.

Ба маврид қайд кардан зарур аст, ки ҷавонони ҳозира аз ин падидаҳои номатлуб худро дур гирифта, барои ворид нашудан ба гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ нангу номуси миллии худро баланд бардошта барои таъмини амнияти кишвар, пойдории ваҳдати миллӣ ва рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшиш хоҳанд кард. Ҷавонони тоҷик, ки қишри ояндасоз ва хазинаи тиллоии миллат мебошанд, ҳеҷ гоҳ фирефтаи гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва нооромкунандаи ҷомеа нахоҳанд шуд.

Мардуми бонангу номуси мо ифротгароӣ ва терроризмро дар ҳама намудаш маҳкум менамояд. Мо бояд имрӯз шукрона аз он кунем, ки дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату иттифоқ зиндагӣ дорем.

Маҳмадов Рустам,

Сармутахассиси Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Суҳбату вохӯриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии  Кӯлоб”

Next Post

Ҷавонон зидди падидаҳои номатлуб

Next Post
Ҷавонон зидди падидаҳои номатлуб

Ҷавонон зидди падидаҳои номатлуб

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.