Бо мақсади амалӣ намудани нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори МИҲД ноҳияи Темурмалик гурӯҳи корӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти Куштеппа мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масъулин талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”-ро шарҳ доданд.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои муҳим, аз қабили ҷалби ҷавонони бекор ва занони хонашин ба шуғл ва касбу кор, муҳоҷирати бехатар, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, мубориза бо хурофотпарастӣ ва бегонапарастӣ диққат дода шуд.
Баромадкунандагон таъкид карданд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва шуури сиёсӣ, беҳтар намудани сифати таълим ва тарбия дар мактабҳо, ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ барои пешрафти ҷомеа хеле муҳим аст.
Дар навбати худ намояндаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия ба таваҷҷуҳи сокинон расонид, ки донистану риоя кардани қонуну қоидаҳои кишварҳои бакорқабулкунанда вазифаи ҳар як шаҳрванд ва хоса муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳисоб рафта, надонистан ва ё саркашӣ кардан аз он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ оварда мерасонад.
Бояд зикр кард, ки имрўзҳо дар қаламрави Федератсияи Россия 19 намуди растанӣ таҳти назорати давлатӣ қарор дошта, барои парваришу нигоҳдории ин растаниҳо тибқи моддаи 231-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия ҷавобгарӣ муқаррар шудааст.
Яке аз чунин растаниҳо ин “Ҳазориспанд” ё “Гармала” мебошад, ки алкалоидҳо ба монанди гармалину гармин ва хусусияти психоактивӣ дорад. Ин растанӣ барои ворид, муомилот ва истеъмол дар ҳудуди Россия қатъиян манъ шудааст.
Бинобар ин, аз ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус сокинони ноҳия даъват ба амал меорем, ки ҳангоми сафар ба Федератсияи Россия аз бурдани ҳазориспанд худдорӣ намоянд ва ба хотири чанд миқдор маблаѓ ҳаёти худу оилаи худро зери хатар нагузоранд.
Дар охир аҳамияти вусъати корҳои ободонӣ барои омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ таъкид шуд. Ба саволҳои иштирокдорон посухҳои мушаххас дода шуданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон