Дар деҳаи Шибанайи ҷамоати деҳоти Чилчаҳи ноҳияи Темурмалик мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳи таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид.
Масъулин оид ба истифодаи самарноки қувваи барқ, саривақт пардохт намудани маблағи қувваи барқи истифодашуда, пешгирии гаравиши баъзе ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ифротгаро, амалишавии қонунҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, роҳ надодан ба зиёдаравию таассуб, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, муҳоҷирати бехатар, қонунҳои нави кишвари қабулкунанда дар самти муҳоҷират, вусъатбахшии корҳои ободонӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳоро таъкид намуданд.
Намояндаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия ба таваҷҷуҳи сокинон расонид, ки дар асоси қонуни Федератсияи Россия аз 1 июли соли 2021 “Дар бораи ворид кардани тағйирот ба қонуни Федералӣ “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия” ва қонуни Федералӣ “Дар бораи бақайдгирии давлатӣ – дактилоскопӣ дар Федератсияи Россия”, ки аз 29 декабри соли 2021 ба иҷро даромад, фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ аз синни 6 сола вазифадоранд тартиби дактилоскопия (супоридани изи ангуштон) ва аксбардориро гузаранд.
Ҳамзамон, мувофиқи қонуни Федералии Федератсияи Россия аз 18 июли соли 2006 “Дар бораи бақайдгирии муҳоҷирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Федератсияи Россия”, шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла кӯдакони ноболиғ уҳдадоранд, ки дар қаламрави Россия ба қайди ҷойи иқомат гузошта шаванд.
Агар кӯдак ҳамроҳи падару модар ё намояндагони қонунии худ ворид гардад, ӯ дар ҳамон суроғае ба қайд гирифта мешавад, ки падару модар (ё намояндаи қонуниаш) сабт шудааст. Ҳамаи амалҳои зарурӣ барои гузоштани кӯдак ба қайди муҳоҷиратиро падару модар ё намояндагони қонунии ӯ иҷро мекунанд.
Дар ҳолати риоя накардани қоидаҳои муқаррарнамудаи бақайдгирии муҳоҷиратӣ метавонанд чораҳои масъулияти маъмурӣ татбиқ шаванд: ҷаримаҳои маъмурӣ ва дар ҳолатҳои ҷудогона хориҷ намудан (депортатсия) аз қаламрави Федератсияи Россия.
Сипас, сокинон оид ба якчанд масъала ба гурӯҳи корӣ муроҷиат намуда, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон