Дар деҳаҳои Навобод ва Баҳманруди ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик мулоқоти навбатии гурӯҳи корӣ бо сокинони маҳаллӣ баргузор гардид. Вохӯрӣ дар доираи татбиқи ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, ҳадафи асосии он таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва маърифатӣ буд.
Масъулин оид ба мавзӯъҳои муҳими рӯзмарра суханронӣ намуда, шаҳрвандонро бо муқаррароти қонунгузории амалкунандаи кишвар, аз ҷумла қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷашн маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” шинос намуданд.
Баромадкунандагон оид ба масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз ҷумла ҷалби ҷавонони бекор ва занони хонашин ба омӯзиши касбу ҳунар ва шуғли мустақил, муҳоҷирати бехатар, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, мубориза бо хурофот, бегонапарастӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва оилавӣ ва пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Ҳамзамон, дар бораи нақши волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд, ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвар, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва эҳтиром ба арзишҳои ахлоқиву фарҳангӣ сухан рафт.
Дар ҷараёни мулоқот намояндаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия масъалаи марбут ба муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи кардани қоидаҳои бехатарии меҳнатӣ баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон аҳамияти хоса дорад.
Ҳозирин, ҳамчунин дар бораи таҳдидҳо вобаста ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, террористӣ ва ҷиноятӣ огоҳонида шуданд. Қайд шуд, ки зарур аст ҷавонон бештар ба таҳсил дар мактабҳо, коллеҷҳо ва донишкадаҳо ҷалб карда шаванд.
Илова бар ин, таваҷҷуҳи ҳозирин ба масъалаҳои тандурустӣ ҷалб карда шуд. Аз ҷумла, маълумот дар бораи бемориҳои вирусӣ, махсусан ВИЧ/СПИД ва сил пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ва нигоҳубини саломатӣ омили муҳими пешгирии ин бемориҳо мебошад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ сокинон саволҳои хешро матраҳ намуданд ва намояндагони гурӯҳи корӣ ба онҳо посухҳои муфассал доданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон