• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Дастовардҳои соҳибистиқлолиро афзун намоем

Migration Service by Migration Service
20.10.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Дастовардҳои соҳибистиқлолиро афзун намоем
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.

Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.

Хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.

Солҳои сипаригардида собит карданд, ки мардуми кишвари мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда мебошад.

Воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир кишвари мо ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшида истодааст. Ин ҳама дастовардҳои Истиқлолият аст, ки бо ғояҳои пешбаранда ва созандагӣ ва тавассути меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ҳам ба воситаи истифодаи оқилонаи арзишҳои ахлоқию маънавӣ сулҳу суботро дар кишварамон таъмин кардааст.

Ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта, сулҳу ваҳдати миллӣ, ки ба шарофати хиради воло ва фарҳанги асли халқи тоҷик ба он муяссар гардид, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои ҷаҳон ҳамчун таҷрибаи нодири сулҳу созиш ва мусолиҳа пазируфта шуда, ганҷинаи фарҳанги сулҳпарвариро ғанӣ гардонид.

Созишномаи таърихии истиқрори сулҳ ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аҳамияти умумимиллӣ пайдо намуда, ба аҳли ҷомеаи ҷаҳон,на фақат намунаи сулҳу созишро дар муқовимати дохилидавлатӣ намоиш дод, балки намунаи усули самарабахши бартараф намудани ихтилофу низоъи сарзада, бо роҳи осоишта, бе истифодаи силоҳ, зўроварию таҳдид, эътироф гардид.

Мардуми азияткашидаи Тоҷикистон ин санаи деринтизори таърихиро пазируфтанд ва санаи 27 июн ҳар сол, ҳамчун иди умумимиллии Ваҳдат дар Тоҷикистон бо шукўҳи арзанда ҷашн гирифта мешавад.

Ба халқи тоҷик муяссар гардид, ки дар як давраи душвор ва хатаровари пурталотум асосҳои давлатдории мустақили худро ҳимоя намояд, роҳи шукўҳу манзалати давлати миллии хешро дарёбад, ба қадри неъмати сулҳу ваҳдат дар кишвар, осоишу амнияти Ватан ва арзишҳои умумибашарӣ расад.

Ба шарофати ин санади тақдирсоз Ҳукумати Тоҷикистон бо дастгирии мардуми кишвар мақомот ва сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатиро аз марказ то маҳалҳо барқарор намуд, зиёда аз як миллион нафар гурезагонро ба Ватан баргардонид, ба онҳо шароити зисту зиндагӣ фароҳам овард, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, қушунҳои сарҳадӣ, ҷузъу томҳои Артиши миллӣ симои нав гирифтанд. Сулҳу оромӣ ба рушди бомароми соҳаи иқтисодӣ, тадриҷан боло рафтани сатҳи зиндагии мардум, густариш ва тавқияти сохторҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва падидаҳои дигари бунёдкорӣ дар кишвар роҳ кушод.

Созишномаи таърихии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аҳамияти байналхалқӣ низ пайдо намуд. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз ба аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ на фақат намунаи демократияи мусолиҳа ва созишро намоиш дод, балки ҳамчун намунаи усули самарабахши бартараф намудани муқовиматҳои дохилидавлатӣ, низоъҳои минтақавӣ ва этникӣ эътироф гардид, ки бо ғояҳои пешбаранда ва созандагӣ ва тавассути меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ҳам ба воситаи истифодаи оқилонаи арзишҳои ахлоқию маънавӣ сулҳу суботро таъмин кардааст.

Бинобар ин, масъулият ва рисолати шаҳрвандии ҳар яки мо аз он иборат аст, ки фарҳанги миллӣ, дастовардҳои Истиқлолият ва сулҳу осоиштагии кишвари маҳбубамонро аз ҳама гуна пайомадҳои манфӣ, аз таъсири ҳама гуна қувваҳои моҷароҷў ва ифротӣ ҳимоя кунем, ғояҳои муттаҳидӣ, якдилӣ, худогоҳӣ, худшиносиро, ки инъикосгари симои миллати мо мебошанд, тарғибу ташвиқ намоем.

Наботов Насим,

Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Мулоқоти навбатии гурӯҳи корӣ бо сокинони ноҳияи Темурмалик

Next Post

Мубориза бо коррупсия омили пешрафту суботи ҷомеа

Next Post
Мубориза бо коррупсия омили пешрафту суботи ҷомеа

Мубориза бо коррупсия омили пешрафту суботи ҷомеа

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.