Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан чорабинии иттилоотӣ-маърифатӣ дар байни аҳли ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории вохӯрии мазкур ин расонидани нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва дар ин замина таъмини тозагиву озодагии иншооту биноҳо, ташкилоту муассисаҳо, кӯчаву маҳаллаҳо, манзили истиқоматии ҳар як оила дар деҳот бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, огоҳ намудани ҷавонон аз хатарҳои экстремизм ва терроризм, тақвият додани корҳои ободониву созандагӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, фаро гирифтани занону духтарон ба курсҳои касбомӯзӣ, муҳоҷирати бехатар, риояи қонунҳои амалкунанда, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии тамоюли бегонапарастӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб меравад.
Намояндаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан ба иттилои шаҳрвандон расонид, ки муҳлати будубош дар Федератсияи Россия 90 шабонарӯзро дар як соли тақвимӣ дар бар мегирад. Муҳлати мазкур ба истиснои ворид шудан бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия мебошад.
Агар шумо бо мақсади сайёҳат, табобат, тиҷорат, корҳои шахсӣ, хидматӣ, убурӣ ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мешавед, тиқби талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат муҳлати будубошатон на зиёда аз 90 шабонарӯз мебошад.
Шаҳрвандони хориҷӣ дар заминаи асосҳои мазкур метавонад муҳлати будубоши худро дар қаламрави Федератсияи Россия ба муҳлатҳои гуногун тамдид намоянд.
1. Агар шаҳрванди хориҷӣ дорои иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) бошад; 2. Шаҳрванди хориҷӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд.
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дарёфт мекунанд то анҷоми муҳлати иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари иқомат метавонанд ҳуҷҷатҳои будубоши худро тамдид намоянд. Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби масъулин варақаҳои иттилоотӣ ба шаҳрвандон тақсим карда шуданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд