• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Баргузории вохӯрӣ бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Файзобод

Migration Service by Migration Service
21.10.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Баргузории вохӯрӣ бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Файзобод
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдори ноҳия бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Баҳор ва Меҳробод вохӯрии судманд  анҷом доданд.

Маврид ба зикр аст, ки ташкили вохӯрии мазкур бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон, ҷинояткорӣ, пешгирӣ онҳо аз шомилшави ба экстремизму терроризм, ҷалби падару модар ба таълиму тарбияи фарзанд, фаҳмонидани муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, эҳтироми фарҳанги миллӣ, муҳоҷирати бехатар, пешгирии бегонапарастӣ, ба роҳ мондани корҳои тозагиву ободонӣ ва риояи маданияти шаҳрнишинӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуданд.

Ҳамзамон, гурӯҳи тарғиботӣ таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба масъалаҳои омодагӣ ва ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва иҷрои талаботи қонунҳои амалкунандаи кишвар, аз ҷумла: қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзим ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷалб намуданд.

Намояндаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия ба самъи сокинон расонид, ки донистану риоя кардани қонуну қоидаи кишварҳои бакорқабулкунанда вазифаи ҳар як шаҳрванд ва хоса муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳисоб рафта, надонистан ва ё саркашӣ кардан аз он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ оварда мерасонад.

Бояд зикр кард, ки имрӯзҳо дар қаламрави Федератсияи Россия 19 намуди растанӣ таҳти назорати давлатӣ қарор дошта, барои парваришу нигоҳдории ин растаниҳо тибқи Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия ҷавобгарӣ муқаррар шудааст.

Яке аз чунин растаниҳо ин “Ҳазориспанд” ё “Гармала” мебошад, ки алкалоидҳо ба монанди гармалину гармин ва хусусияти психоактивӣ дорад. Ин растанӣ барои ворид, муомилот ва истеъмол дар ҳудуди Россия қатъиян манъ шудааст.

Бинобар ин, аз ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки ҳангоми сафар ба Федератсияи Россия аз бурдани ҳазориспанд худдорӣ намоянд ва ба хотири чанд миқдор маблағ ҳаёти худу оилаи худро зери хатар нагузоранд.        Дар фарҷоми вохӯрӣ сокинон саволҳои хешро матраҳ намуданд ва намояндагони гурӯҳи корӣ ба онҳо посухҳои муфассал доданд.

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод

Previous Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Хуҷанд идома дорад

Next Post

Чорабинии маърифатию фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии ВНМО

Next Post
Чорабинии маърифатию фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии ВНМО

Чорабинии маърифатию фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии ВНМО

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.