Кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Маркази шаҳрии ташакули тарзи ҳаёти солим ва Маркази шаҳрии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар назди Маркази сершуғли муҳоҷират чорабинии маърифатию фаҳмондадиҳӣ оид ба масъалаҳои пешгирии ВНМО ва касалии сил гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки барои супоридани имтиҳон ва гирифтани сертификат аз забони русӣ, таъриху тамаддун ва қонунгузории кишвари Россия омадаанд, иштирок намуданд.
Масъулин вобаста ба масъалаи бемории вируси норасии масунияти одам, таърихи пайдоиш, роҳҳои интиқол, роҳҳои пешгирӣ, табобат, вазъи эпидемиологии ВНМО дар ҷаҳон ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуданд.
Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби иштирокчиёни чорабинӣ ба мутахассисони Марказҳои номбурда саволҳо оид ба роҳҳои интиқоли ғайритабии ВНМО, гузаштан аз ташхиси ВНМО, давраи ноайёнии ВНМО, табобат дода шуда, мутахассисони марказ ба ҳамаи саволҳо ҷавобҳои дақиқ ва саҳеҳ доданд.
Ҳамзамон, намояндагони Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар, инчунин, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, суханронӣ намуданд.
Дар итмоми чорабинӣ байни иштирокчиён маводҳои таълимию иттилоотӣ пешгирикунанда (рифола) тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират