Тибқи нақшаи чорабиниҳои гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод вохӯрии судманд бо сокинони деҳаи Сари пули ҷамоати деҳоти Нӯшор доир гардид.
Масъулин вобаста ба арзишҳои соҳибистиқлолӣ, муҳиммияти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, пешгирӣ аз фарҳанги бегона, тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагию ободкорӣ дар ноҳия суҳбат доир гардид.
Инчунин, дар идомаи вохӯрӣ дигар иштирокдорон таъкид намуданд, ки Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва дигар арзишҳои миллӣ бояд дар ниҳоди ҳар як фарди ҷомеа, махсусан насли наврасу ҷавон тарғиб ва ҳифз карда шаванд. Ҳифзи марзу буми ватан, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, фарҳанг ва генофонди миллӣ, инчунин тарғиби идеологияи солими миллӣ масъулияти ҳамаи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар шароити кунунӣ вазъи ноустувор ва зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳон моро водор месозад, ки баҳри мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлоли давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ ва суботи сиёсӣ дар кишвар, дар муттаҳидӣ кӯшиш намоем.
Намояндаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия ба маълумоти сокинони ноҳия расонид, ки мутобиқи қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Россия, аз 5 феврали соли 2025 Феҳристи шахсони назоратшаванда (ФШН) ба фаъолият оғоз намудааст.
Ҳадафи асосии ин феҳрист — таъмини риояи қонунгузории муҳоҷират, пешгирии будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва баланд бардоштани сатҳи тартиботи ҳуқуқӣ дар соҳаи муҳоҷират мебошад.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар бештари ҳолатҳо ворид кардани маълумоти шаҳрвандони хориҷӣ ба ФШН ба поёни муҳлати будубоши муваққатӣ вобаста аст. Яке аз сабабҳои маъмултарин — вайрон кардани қоидаи “90/365” мебошад.
Мутобиқи қоидаҳои нав, аз 1 январи соли 2025 муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷие, ки бе раводид ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мешаванд, наметавонад аз 90 рӯз дар як соли тақвимӣ зиёд бошад.
Айни замон дар низоми муҳоҷират механизми ҳисобу назорати автоматикии муҳлати будубош татбиқ гардидааст.
Шаҳрвандоне, ки муҳлати иҷозатдодаи будубошро риоя намекунанд, ба таври худкор ба Феҳристи шахсони назоратшаванда шомил мегарданд. Ин иқдом имконият медиҳад, ки шумораи шахсони дорои мақоми ғайриқонунии муҳоҷират дар ҳудуди Федератсияи Россия ба ҳадди ақал расонида шавад.
Аз ин лиҳоз, аз ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони ноҳияи Тоҷикобод даъват менамоем, ки қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Россияро қатъиян риоя кунанд, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаро сари вақт тамдид намоянд, дар қаламрави Россия тибқи меъёрҳои ҳуқуқӣ амал кунанд.
Ёдрас менамоем, ки Феҳристи шахсони назоратшаванда воситаи расмии назорати риояи қонунгузории муҳоҷират дар Федератсияи Россия мебошад. Ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки барои будубоши қонунӣ асос надоранд, ба таври ҳатмӣ ба ин феҳрист дохил карда мешаванд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ сокинон саволҳои хешро матраҳ намуданд ва намояндагони гурӯҳи корӣ ба онҳо посухҳои муфассал доданд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

