• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Варзоб

Migration Service by Migration Service
27.10.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Варзоб
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар ҳамбастагӣ бо КИ ҲХДТ,
шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахши Хадамоти муҳоҷират ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” вохӯриҳои судманд бо сокинону фаъолон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар ҳудуди ноҳия баргузор гардида истодааст.

Масъулин муҳтавои матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28-уми декабри соли 2024, дар бораи тарбияи ахлоқию хештаншиносии аҳолӣ доир ба тарғиботу ташвиқоти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои қабулкунанда, оид ба Қонуни Федералӣ “Дар бораи тартиби даромад ба Федератсияи Россия ва баромад аз ҳудуди Федератсияи Россия”, дуруст танзим кардани раванди муҳоҷирати аҳолӣ ба хориҷ, пешгирии шомилшавии ҷавонон бахусус, муҳоҷирон ва ҷавонони дар хориҷ таҳсилдошта ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ, зарурияти машғул шудан ба шуғли пурмаҳсул дар заминаи имконият ва имтиёзҳо барои рушди корҳои хонагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, эҳсоси масъулият доштан дар раванди татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, аз он ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ ва бо ҳамин роҳ саҳм гузоштан дар раванди давлатсозӣ ва ғайра, зарурияти ҳифзи Ватан бо назардошти хатарҳои мавҷуда, шарт будани хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ба дарки волидайн ва шаҳрвандон расонидани моҳияти хизмат ба Ватан, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ба дарки мардум расонидани моҳияти терроризму экстремизм, бахусус хусусияти динидошта, ба мардум фаҳмонидани ҳадафҳои ғаразноки ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнуъ, истифодаи дурусти телефон ва шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирӣ аз таълимоти нодуруст ва ғайрирасмии динию мазҳабӣ, пешгирӣ аз тамоюли мардум ба либосҳои бегона, риояи талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар тафаккури мардум тарбия намудани фаҳмиши дурусти сиёсӣ, тарғибу ташвиқи раванди амалишавии барномаҳои ҲХДТ ва нақшаи кории ҳизб, фаъол гардонидани мардум дар самти анҷом додани корҳои амалии созандагию бунёдкорӣ, таълиму тарбияи фарзандон омили муҳим дар зиндагӣ, ҷалби волидайн дар раванди таълиму тарбия, таъмини саривақтии хонандагон ба дарсҳо, зарурияти идомаи таҳсил дар синфҳои болоӣ, бахусус барои духтарон, фаъол гардонидани волидайн дар раванди амалишавии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, ба самъи аҳолӣ расонидани омилҳое, ки ба ҷинояти ноболиғону ҷавонон оварда мерасонад, роҳ надодан ба истифодаи телефон аз ҷониби ноболиғон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ, аз қабили ВНМО/ БПНМ, сил, вараҷа ва нашъамандӣ, таблиғу ҳифзи истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, сафарбар намудани шаҳрвандони кишварамон дар ҶСК НБО “Роғун” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз зимни вохӯриҳо ба роҳ монда шуд.

Илова бар ин, дар баромад иброз шуд, ки ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки ба пешвози ҷашни муқаддасу таърихӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати татбиқу иҷрои нуқтаҳои муҳими Паём дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа корҳо дар ҳоли рушд буда, созандагию ободкориҳо дар шаҳру деҳоти кишвари азизамон идома доранд.

Дар ин замина, дар вохӯриҳо аз ҷониби масъулин қайд гардид, ки ба қишри асосии кишвар-ҷавонон такя карда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки «Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд».

Баъдан аз ҷониби масъулин як нуқтаи дигар қайд гардид, ки ҳар фарди ин ҷомеа бояд дарк намояд, ки ин осудагӣ ва амонӣ ба ивази чӣ гуна муборизаҳо ба мо муяссар шудааст. Аз ин рӯ, бояд барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва марзу буми кишвар дастаҷамъона мубориза бурда, барои ҳимояи амнияти ин давлат ва сулҳу осоиштагии кишвар худро масъул дониста, фарзандону аҳли ҷомеаро дар рӯҳияи дӯст доштани ин ватану ин миллат ба камол расонем.

Зикр кардан бо маврид аст, ки баромадкунандагон қайд доштанд, ки тамоми шартномаю созишҳои дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ бадастомада натиҷаи вохӯрию гуфтушунидҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумат бо роҳбарияти олии мамлакатҳои будубоши муҳоҷирони меҳнатии мо мебошад. Таъсиси ҷойҳои корӣ ва ба ин васила коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ дар сиёсати давлату Ҳукумат яке аз афзалият маҳсуб мешавад.

Ҳамчунин, дар вохӯриҳо аз ҷониби аъзои гуруҳи корӣ ибрози назар карда шуд, ки ҳамон тавре, ки моҳи декабри соли 2023 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, андешидани тадбирҳои мушаххас доир ба омӯзонидани касбҳои коргарӣ, саросар соҳибкасб гардонидани аҳолии мамлакат ва ҳарчи бештар дар дохили мамлакат бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон низ вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки дар рафти вохӯриҳо ба сокинони ноҳия аз ҷониби бахши Хадамоти муҳоҷират ёддоштҳо дар мавзуъҳои гуногун дастрас гардид.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Ифтихор аз Пешво дорем

Next Post

Идомаи мулоқоту вохӯриҳо дар деҳаҳои ҷамоати деҳоти Чилчаҳи ноҳияи Темурмалик

Next Post
Идомаи мулоқоту вохӯриҳо дар деҳаҳои ҷамоати деҳоти Чилчаҳи ноҳияи Темурмалик

Идомаи мулоқоту вохӯриҳо дар деҳаҳои ҷамоати деҳоти Чилчаҳи ноҳияи Темурмалик

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.