Яке аз падидаҳои муҳим дар раванди давлатдории имрӯза мавҷудияти Конститутсия маҳсуб ёфта, барои давлатҳои демократию ҳуқуқбунёди муосир яке аз мафҳумҳои арзишманд ба ҳисоб меравад.
Конститутсия – рамзи ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд, муайянкунандаи набзи ҳастии сиёсиву ҳуқуқии давлату миллат ва рушди давлатдории миллӣ аз зумраи ин дастовардҳои муқаддас маҳсуб мегардад.
Ҳанўз 31 сол қабл, таърихи 6 ноябри соли 1994 мардуми сарбаланду босаодат ва шарафманду соҳибхиради тоҷик бори аввал аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ барои муайян кардани сарнавишти худ ва шарафёб гардидан ба саодату бурдборӣ ба ҷонибдории Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол овоз доданд.
Қабули Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсозу сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории муосири мамлакат марҳалаи нави таърихиро оғоз бахшида, боиси дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсию ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа гардид.
Конститутсия оинаи воқеии ҳастии миллат ва таҷассуми ормонҳои таърихии мардуми хирадманду соҳибватани мо ба ҳисоб меравад. Барои миллати куҳанбунёди тоҷик, ки дорои таърихи пурифтихор, фарҳанги қадим ва анъанаҳои давлатдории ҳазорсола мебошанд, Конститутсия на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки рамзи худшиносӣ, пояи давлатдории миллӣ ва кафили истиқлолияти сиёсиву ҳуқуқӣ маҳсуб меёбад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 10 боб ва 100 модда иборат аст, тамоми самтҳои ҳаётан муҳим , аз ҷумла: самтҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро фаро гирифта, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳамчун арзиши олӣ муқаррар намудааст. Дар моддаи якуми он зикр мегардад: “Тоҷикистон — давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.”
Ин меъёр нишондиҳандаи равшани хислати ҳуқуқии давлати мо буда, собит месозад, ки тамоми ҳокимият аз иродаи мардум сарчашма мегирад ва иҷрои қонун баробар барои ҳама ҳатмӣ мебошад.
Дар марҳалаи пас аз қабули Конститутсия, нақши таърихии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи меъёрҳои Сарқонун ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ бузург ва тақдирсоз аст.
Бо сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, меъёрҳои Конститутсия на танҳо ҳамчун санади ҳуқуқӣ, балки ҳамчун фалсафаи давлатдорӣ ва фарҳанги сиёсии миллӣ ҷорӣ гардиданд.
Пешвои миллат дар ҳар як баромади хеш таъкид мекунанд, ки Конститутсия на танҳо китобест барои хондан, балки роҳнамои зиндагӣ, дастури рафтор ва омили ваҳдату субот дар ҷомеа мебошад. Маҳз бо ибтикор ва роҳбарии оқилонаи Пешвои муаззами миллат, соли 1999 ва баъдтар солҳои 2003 ва 2016 ба Конститутсия тағйиру иловаҳои муҳим ворид гардиданд, ки мутобиқ ба талаботи давру замон ва ҷавобгуй ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ буданд.
Ин ислоҳот барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, баланд бардоштани нақши мақомоти интихобӣ, кафолати бештари ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва беҳтар гардидани низоми ҳуқуқбунёдӣ замина фароҳам оварданд.Имрӯз Тоҷикистон дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат ба марҳалаи нави тараққиёт ворид гардидааст, ки он бар асоси арзишҳои конститутсионӣ — истиқлолият, ваҳдат, адолат ва қонуният устувор аст.
Бо такя ба меъёрҳои Конститутсия, Пешвои муаззами миллат сиёсати хирадмандонаи сулҳпарварона, инсонгароёна ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодиро пеш бурда, Тоҷикистонро ба майдони ваҳдати миллӣ табдил доданд. Дар натиҷа, имрӯз кишвари мо ҳамчун давлати сулҳҷӯ, дорои обрӯи байналмилалӣ ва намунаи ҳамзистии осоишта дар ҷаҳон шинохта шудааст.
Конститутсия на танҳо ҳуҷҷати сиёсӣ, балки пояи устувори давлат, омили ҳифзи арзишҳои миллӣ ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати оқилона, диди дурбинона ва меҳру садоқати беандоза ба миллат тавонистанд, меъёрҳои Конститутсияро ба воқеияти зинда табдил диҳанд ва Тоҷикистонро ба кишвари ободу соҳибиқбол табдил намоянд.
Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд бо ифтихор бигӯяд, ки мо соҳиби чунин Сарқонун ҳастем, ки ба инсон эҳтиром мегузорад, ваҳдатро ҳифз мекунад ва ояндаи миллатро бо равшании умеду адолат таъмин месозад.
Ин аст, 31 нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 31 соли мавҷудияти он барои давлату миллати тоҷик, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат дар шароити ниҳоят мураккаби ҷомеаи Тоҷикистон қабул гардид. Ин аст, сиёсати хирадмандона, дурандешона, инсондӯстона ва ояндабинонаи Сарвари давлат барои ин давлату миллат. Ин аст, хирадсолорӣ ва ҷонфидоии Пешвои миллат.
Юсупов Анвар,
Корманди масъули бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират

