• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо тақозои замон

Migration Service by Migration Service
28.10.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо тақозои замон
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар  таҳрири нав қабул гардида, аз он калимаи “анъана” гирифта шуд. Сабаби такмил ва дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни мазкур инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ, рушди ҷомеа ва давлат, ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, зиёдаравӣ, худнамоӣ, тақлиди бемаврид, баланд бардоштани маънавиёт ва фарҳанги зиндагӣ, оиладорӣ, сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар ба шумор меравад. 

Анъана ва расму оинҳои милливу динии мо аз ниёгонамон тавассути аз насл ба насл додани донишҳо, меъёрҳо ва арзишҳои иҷтимоӣ то ба имрӯз омада расидаанд. Риоя ва эҳтироми онҳо қарзи наслҳои баъдӣ низ ба ҳисоб меравад. Аммо онҳо бояд мутобиқи талаби замон инкишоф ёбанд. Тавре шоҳидем, тайи солҳои охир аз ҳад зиёд сермасраф гаштани ҷашну маъракаҳо ва амалӣ гаштани расму оинҳо барои аксарияти мардуми мо, ки дар ҳоли тангдастию камбағалӣ қарор доштанд, мушкилоти зиёди моливу пулиро ба миён оварда буд.

Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар аҳамияти махсус зоҳир намуда, аз ҳамагон хоҳиш намуданд, ки то баргузории машварати умумиҷумҳуриявӣ (24-уми майи соли 2007) тамоми хоҳишу дархост ва оид ба чӣ гуна гузаронидани урфу одатҳои миллӣ фикру андешаҳои худро ирсол намоянд.  Аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат беш аз 6 ҳазор таклифу пешниҳодоти муфид ирсол гардид ва аксарияти аҳолӣ иқдоми танзими анъанаҳои мардумӣ ва миллиро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолону намояндагони шаҳру ноҳияҳои кишвар 24-уми майи соли 2007 оид ба масъалаи танзими расму оин ва анъанаву маросимҳои миллӣ сухан ронда, гуфта буданд: “Қисме аз мардуми мо, ба сабаби зоҳирпарастии беасос ва пойбанди таассубу хурофот будани худ, дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасад”. Қабули қонуни мазкур, ки дар асоси таклифу пешниҳоди мардум таҳия шуда буд, барои ба танзим овардани расму анъанаҳо нигаронида шудааст. Татбиқ ва риояи талаботи қонун дар маҳалҳо ба ҳар яки мо вобаста мебошад.

Дар моддаи 1-уми қонуни номбурда омадааст: “Мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиати иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст”. Ниҳоят дар таърихи 8-уми июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ба тасвиб расида, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.Инак, чандин сол аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди амал қарор дорад. Он дар қонунгузории кишвар таҷрибаи нав буда, дар доираи манфиатҳои мардум таҳия ва қабул гардидааст. Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъули назорати риояи қонуни мазкурро ба ӯҳда дорад.

Бояд тазаккур дод, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо” моҳияти динӣ надорад, балки дар асоси талаботи принсипҳои давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва қонунҳои амалкунандаи кишвар ба тасвиб расида, мақсад аз он ба танзим даровардани расму оинҳо ва пешгирии исрофкорӣ ва харҷи беҳуда дар онҳо буд, то иқтисоди хонаводагӣ осебпазир ва хароб нагардад.                                                                                

Чӣ тавре ки маълум аст, фарҳангу тамаддуни ҳар миллат ва халқият дар раванди таърихии ташаккул ва такомули худ хоҳу нохоҳ бо фарҳанги дигар халқу миллатҳо дар ҳолати “додугирифт” ва ё “мубодила” қарор дошта, бо онҳо омезиш меёбад. Омезиши фарҳангҳо бошад, хоҳу нохоҳ дар урфу одат, анъана ва маросимҳои мардумӣ инъикоси худро меёбанд. Маҳз бо ҳамин далел тӯли садсолаҳои таърих ҷашну маросимҳои диниву миллии мо низ ба чунин омезишҳо гирифтор шуда, дар баробари баъзе унсурҳои мусбат, инчунин унсурҳои зиёди хурофотиро ба худ қабул намуда буд, ки онҳо сарбориҳои зиёдро ба сари мардуми оддӣ бор кардаанд. Чунин раванд то солҳои наздик, аниқтараш то қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо идома дошт ва яке аз пайомадҳои номатлуби ин раванд баргузории маърака ва маросимҳои зиёд ва серхарҷ ба шумор мерафт.

Тибқи анъанаҳои милливу динии мардуми тоҷик риояи расму оинҳои динӣ барои ҳар фард мисли иҷрои муқаррароти қонунҳо ҳатмӣ ва зарурӣ мебошад. Омили дигаре ки инсонро барои риоя намудани расму оинҳои милливу динӣ водор мекунад, таъсири сахти афкори иҷтимоӣ, муҳокима ва гуфтугӯи атрофиён мебошад. Таҳти таъсири ин омил ҳар шахс кӯшиш мекунад, ки шарафи худро дар назари дигарон аз даст надиҳад, аз қатори умум набарояд, мисли ҳама рафтор кунад, тартиботи муқаррариро, ки ба мерос мондаанд, ба ҷо орад. Аз нигоҳи илми ҷомеашиносӣ низ шахсоне, ки меъёри муқаррарии иҷтимоиро риоя наменамоянд, каҷрафтор (девиант) ҳисобида мешаванд.

Ҳамзамон, ёдовар шудан бамаврид аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар баробари ҳадафҳои иқтисодӣ барои баланд бардоштани маданият ва фарҳанги баргузор намудани маъракаҳои мардумӣ ва риояи талаботи қонунгузории кишвар низ мусоидат карда, дар ҳалли мушкилии иҷтимоии ҳазорҳо ҷавон нақши мусбат гузошта истодааст. Як меъёри ниҳоят муҳими Қонун ба таври ихтиёрӣ баргузор намудани маърака мебошад.              

Акнун ҳар як фарди ҷомеаи имрӯзаи мо имкон пайдо намуд, ки ба муқаррароти Қонун такя намуда, маъракаашро бо хоҳиши худ бе истиҳола ва хиҷолатмандӣ гузаронад. Ҳадафи Қонуни мазкур низ ҳаминро тақозо дорад, яъне ҳар як меъёри он дар баробари ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандон нигаронида шудааст. Қонуни мазкур як зумра ҷашну маросим ва анъанаҳои бемаъниро, ки аслан барои фарҳанги милливу динии мо бегона буда, дар раванди ҷаҳонишавӣ ба таври сунъӣ ба фарҳанги миллии мо ворид гаштаанд, аз байн бурд ва маросимҳои соф миллиро дар худ нигоҳ дошт.

Дар маҷмӯъ аҳамияти ин қонун хеле бештар аст, аз он ки гуфта шуд. Он на танҳо боиси беҳтар шудани рӯзгори мардум, балки рушди ҳаёти маънавӣ ва ахлоқии мардуми ҷумҳурӣ гардидааст ва дар ниҳояти кор, ба он нигаронда шудааст, ки симои шахси боимону тақводор, шаҳрванди ватандӯсту худогоҳро дар асоси суннатҳои миллии мардуми Тоҷикистон муайян мекунад.

Маҳмадуллозода Фирӯза,

Сардори шуъбаи ташкилӣ ва умумӣ Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Конститутсия — оинаи воқеии ҳастии миллат

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.