Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен дар маҳаллаҳои Исмоилов, Х. Олимҷон, Қосимов, Навоӣ, деҳаи Саидқалъа ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ, аз ҷумла оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ доир гардид.
Масъулин оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар суханронӣ намуда, дар ин замина таъмини тозагиву озодагии иншооту биноҳо, ташкилоту муассисаҳо, кӯчаву маҳаллаҳо, манзили истиқоматии ҳар як оила дар деҳот бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзиму ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” огоҳ намудани ҷавонон аз хатарҳои экстремизм ва терроризм, тақвият додани корҳои ободониву созандагӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, касалиҳои сироятӣ, фарогирифтани занону духтарон ба курсҳои касбомӯзӣ, муҳоҷирати бехатар, риояи қонунҳои амалкунанда, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии тамоюли бегонапарастӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб меравад.
Мутахассиси пешбари Бахши Хадамоти муҳоҷират Сатторова С., оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар иттило дода, таъкид намуд, ки ҳангоми сафар ба давлатҳои хориҷ, аз ҷумла ба Федератсияи Россия қонуну қоидаҳои ин кишварро бе чуну чаро риоя намоянд, расман фаъолият намудан дар кишвари иқомат, риояи талаботи бехатарӣ дар истеҳсолот, ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, нигоҳдории ваъзи саломатию пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ машварат ва тавсияҳои муфид дода шуд.
Зикр гардид, ки муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки пеш аз оғози фаъолияти корӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, пас ба фаъолият оғоз намоянд, ҳуҷҷатҳои будубош ва қайди муваққатии худро дар доираи талаботи қонунгузории кишвари иқомат таҳия намоянд.
Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба тағйироти нав дар қонунгузории кишвари иқомат, хусусан дар Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, тартиби таҳсил ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабии кишвари иқомат, оид ба барномаи “Амина” дар шаҳри Москва ва вилояти он, оид ба Консепсияи нави муҳоҷират барои солҳои 2025-2026 ФР, масъалаҳои радикализм, экстремизму терроризм ва дигар масъалаҳои марбут иттилоъ дода шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
 
								 
								

