Самаранокии муқовимат ба коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ вобастагии зич дошта, амалӣ намудани он райъи қавии сиёсӣ, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодиро тақозо менамояд.
Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ рўзмарра ва мубрам будани муқовимат ба коррупсияро ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии худ дониста, дар ин самт баҳри пешгирӣ ва аз байн бурдани ин падидаи номатлуб тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамояд.
Лозим ба ёдоварист, ки бо шарофати ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи заминаҳо барои иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти муқовимат ба коррупсия таъмин шудааст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуданд, ки: “Мубориза бо коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза ҳар як шаҳрванд, тамоми аҳли ҷомеа ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ набояд бетараф бошад”. Ин суханони Пешвои муаззами миллатро бояд ҳар кадоми мо новобаста аз он, ки дар кадом вазифа кор ва фаъолият менамоем, сармашқи кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор бидиҳем.
Сиёсати пешгирифтаи давлат дар самти муқовимат ба коррупсия бо мақсади ҳарчӣ бештар решакан намудани он дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, дар идоракунии давлатӣ равона шуда, муқовимат ба коррупсия иродаи қатъии роҳбарияти сиёсии мамлакат бо мақсади расидан ба тавофуқи (консенсус) байни ҳамаи қувваҳои солимфикри ҷамъият, вусъати ботадриҷ ва дар амал ҷорӣ намудани сиёсати мубориза бо коррупсия мебошад, ки аз маҷмӯи чораҳои ҳаматарафа ва пешгирикунанда дар таъмини ислоҳоти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади пешгирӣ ва решакан намудани коррупсия дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа як катор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар самти таъмини муқовимат ба коррупсия ва пешгирии он қабул шудаанд, ки сол аз сол он тақвият ва вусъат дода шуда, 7-уми августи соли 2020, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” қабул гардид. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсияро муайян намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардидааст.
Дар ин асно, маҳз дар моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун иштирокчии бевоситаи муқовимат бо коррупсия эътироф гардидааст, ки он баҳри роҳандозӣ намудани сиёсати зиддикоррупсионӣ ва таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар ҷомеаро тақозо дода, баҳри коҳиш додани ҳуқуқвайрокуниҳои коррупсионӣ нақши босазое дорад.
Дар ҳақиқат, барои таъмини самараноки мубориза бо коррупсия истифодаи имконияту нерўи бузурги ҷомеаи шаҳрвандӣ мувофиқи мақсад дониста мешавад.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар танҳоӣ аз уҳдаи аз байн бурдани коррупсия баромада наметавонад ва фақат дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ сатҳи онро коҳиш додан мумкин аст. Дастгирии ҷамъиятӣ яке аз унсурҳои асосии мубориза бо коррупсия маҳсуб меёбад.
Аз ин лиҳоз, ба андешаи мо, барои ноил гаштан ба ҳадафҳои сиёсии зиддикоррупсионии давлатӣ ҷалби бештари қишрҳои гуногуни ҷомеа ҷиҳати муқовимат ба коррупсия ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии шаҳрвандон зарур мебошад.
Шарипов Тоҳир,
Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе
 
								 
								

