Санаи 30-уми октябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Раёсат ҷиҳати амалӣ намудани “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи соли 2030 марҳилаи якуми солҳои 2021-2025” (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.08.2021) вохӯрии ҳайати кормандони Раёсат бо сарнозири Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе Раҳимзода Шералӣ Амирхон баргузор гардид.
Ҳамоишро Файзализода Сафаралӣ сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе оғоз намуда, ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳоро дар Раёсат муассир арзёбӣ намуд.
Дар баромади худ Шералӣ Раҳимзода ёдовар шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама паёмҳояшон аз хатарҳои коррупсия, ки ба рушди устувори давлат монеъ шуда, ба нуфузу обрўи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад, ба таври ҷиддӣ истода мегузаранд. Дар ин замина дар Раёсати Хадамоти муҳоҷират бо мақсади амалӣ намудани “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи соли то 2030 марҳилаи якуми он солҳои 2021-2025” Нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардидааст.
Таъкид гардид, ки ҳадаф ва вазифаи асосии амалисозии стратегияи мазкур баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмӯъ паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.
Дар охир таъкид гардид, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон барои татбиқ намудани “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи соли то 2030 марҳилаи якуми он солҳои 2021-2025” саҳмгузор бошанд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират
 
								 
								

