Дар асоси нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва дигар сохторҳои марбута бо сокинони деҳаи Ширкенти ҷамоати деҳоти Работи шаҳри Турсунзода мулоқоти навбатӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки чунин вохӯриҳо ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими ҳамкории мардум бо мақомоти давлатӣ ва тарғиби сиёсати давлатӣ мусоидат менамоянд.
Масъулин мазмуну аҳамияти қонунҳои амалкунандаи кишвар, аз ҷумла “Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”-ро тавзеҳ дода, нақши онҳоро дар таҳкими ваҳдат, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва боло бурдани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷомеа муҳим арзёбӣ намуданд.
Зикр гардид, ки татбиқи Қонуни “Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо” ба фарҳанги сарфакорӣ ва эҳтироми суннатҳои миллӣ мусоидат мекунад, дар ҳоле ки иҷрои Қонун “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” волидайнро ба масъулияти бештар дар тарбияи фарзанд водор менамояд.
Ҳамзамон, доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ, зӯроварӣ дар оила, муҳоҷирати бехатар ва тақлид ба фарҳангҳои бегона сухан ронданд.
Намояндаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода зимни баромад, ба таваҷҷуҳи сокинон расонид, ки донистану риоя кардани қонуну қоидаҳои кишварҳои бакорқабулкунанда, аз ҷумла ФР вазифаи ҳар як шаҳрванд ва хоса муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳисоб рафта, надонистан ва ё саркашӣ кардан аз он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ оварда мерасонад.
Бояд зикр кард, ки имрӯзҳо дар қаламрави Федератсияи Россия 19 намуди растанӣ таҳти назорати давлатӣ қарор дошта, барои парваришу нигоҳдории ин растаниҳо тибқи моддаи 231-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия ҷавобгарӣ муқаррар шудааст.
Яке аз чунин растаниҳо ин “Ҳазориспанд” ё “Гармала” мебошад, ки алкалоидҳо ба монанди гармалину гармин ва хусусияти психоактивӣ дорад. Ин растанӣ барои ворид, муомилот ва истеъмол дар ҳудуди Россия қатъиян манъ шудааст.
Бинобар ин, аз ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки ҳангоми сафар ба Федератсияи Россия аз бурдани ҳазориспанд худдорӣ намоянд ва ба хотири чанд миқдор маблағ ҳаёти худу оилаи худро зери хатар нагузоранд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират
 
								 
								

