Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар маркази ноҳия шаҳраки Меҳрон бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, оид ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, тартиби муайян намудани мақсади ташриф дар варақаи муҳоҷиратӣ, муҳлати будубош дар қаламрави давлати номбурда, бақайдгирии муҳоҷиратӣ дар муддати муайяншуда ва муроҷиат ба ВКД ФР оид ба масъалаҳои муҳоҷират, тартиби супоридани имтиҳони забони русӣ ва гирифтани сертификат, тарзи гузаштан аз ташхиси духтурон, тартиби гирифтани иҷозатнома барои кор (патент) ва ҳудуди амалии он ва дар ниҳоят фаъолияти меҳнати намудан дар асоси шартномаи меҳнатӣ ва тарзи баимзо расонидани он бо корфармо ва дигар масъалаҳои ҷорӣ вохӯрии судманд анҷом дода шуд.
Инчунин, дар суҳбат вобаста ба масъалаи терроризм ва экстремизм, шомилшавии ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба доми чунин гурӯҳҳои номатлуб нигароникунанда хонда ва дар баробари он таъкид намуданд, ки дар Федератсияи Россия истифода аз интернет, мисли навиштани шарҳҳо, писандидани мавод, гузоштани лайк ва бознашру ҳамагони кардани он манъ аст. Агар ин амалҳо ҳамчун таблиғ ё сафед кардани терроризм арзёби шаванд, метавонад боиси зиндонӣ шудани одамон гардад.
Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро зарур аст фарзандон, бародарон ва пайвандонамонро аз иҷрои чунин амалҳо огоҳ намоем то худдорӣ намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

