• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Конференсияи ноҳиявӣ таҳти унвони “Конститутсия ва нақши он дар ҳаёти ҷавонон”

Migration Service by Migration Service
03.11.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Конференсияи ноҳиявӣ таҳти унвони “Конститутсия ва нақши он дар ҳаёти ҷавонон”
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Санаи 31-уми октябри соли 2025 тибқи Нақшаи чорабиниҳои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” якҷо бахши Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ конференсияи ноҳиявӣ таҳти унвони “Конститутсия ва нақши он дар ҳаёти ҷавонон” баргузор гардид.

Дар кори конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Қосимзода Маҳтоб Пир, муовини раиси ноҳияи Варзоб Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо, раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Аҳмадзода Оятулло Изатулло, роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Олимзода Орифҷон Олим иштирок намуданд, ки дар рафти он аъзоёни намояндагии Ташкилот ширкат варзиданд.

Нахуст, роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Орифҷон Олимзода доир ба мавзуъи “Конститутсия ва нақши он дар ҳаёти ҷавонон” баромад намуда, иброз дошт, ки наврасону ҷавонон ояндасози имрӯзу фардои ватананд ва мамлакатро бе ҷавонон тасаввур кардан нашояд. Тоҷикистонро кишвари ҷавонон мегӯянд, зеро шумораи бештари аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил мекунад. Тоҷикистон тавассути ҷавонони созандаю ободкори худ рушд мекунад ва солҳои минбаъда ба як давлати мутараққию пешрафтаи ҷаҳон табдил хоҳад ёфт. Наврасону ҷавонон тавассути донишу қобилият ва зӯру бозӯи худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, парчамбардори меҳан мешаванд.

Зикр намуд, ки сиву як сол муқаддам бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид. Аз ин хотир, ин рӯзи воқеан таърихӣ ҳар сол бо доир намудани чорабиниҳои сазовори ин санади сарнавиштсоз таҷлил карда мешавад.

Бо ҳамин тартиб баромад намуданд: – Аҳмадзода Оятулло Изатулло раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар мавзуъи “Наврасону ҷавонон – нерӯи созанда ва ояндаи миллат” баромад намуда, ёдовар шуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи хосса дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд. Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд:

“Ҷавонон қувваи бузург, неруи созанда ва ояндаи миллатанд”.

– Қосимзода Маҳтоб Пир раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб дар мавзуъи “Конститутсия аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги миллати тоҷик” баромад намуда, иброз доштанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистони биҳишосо ҳар сол ин санаи таърихӣ, яъне 6-уми ноябрро бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ ҷашн мегиранд, зеро маҳз бо шарофати амалӣ гардидани меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз ҷомеаи мо аз даври бисёр душвори таърихӣ раҳо ёфта, дар ҳамаи соҳаҳо, тадриҷан, ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид ва имрӯз ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.

– Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо муовини раиси ноҳияи Варзоб дар мавзуъи “Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат” баромад намуда, ёдрас намуданд, ки бино ба гуфти сиёсатшиносон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон эътироф шудааст. Бо қабули он дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон таҳаввулоти бузург ба вуҷуд омад. Он дар роҳи бунёд ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон, пайвастан бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ гузошт.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Алайҳи коррупсия муттаҳид бошем

Next Post

Конститутсияи кишвар санади асосиест, ҷиҳати бунёди ояндаи дурахшони миллати тоҷик

Next Post
Конститутсияи кишвар санади асосиест, ҷиҳати бунёди ояндаи дурахшони миллати тоҷик

Конститутсияи кишвар санади асосиест, ҷиҳати бунёди ояндаи дурахшони миллати тоҷик

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.