• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Конститутсияи соҳибистиқлоли Тоҷикистон

Migration Service by Migration Service
03.11.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Конститутсияи соҳибистиқлоли Тоҷикистон
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии ҳар давлат пояи ҳуқуқӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеаро муайян месозад. Дар ин санади тақдирсози давлатӣ ҳадаф, ормон, ҳуқуқу озодиҳо, сохтори ҳокимият ва роҳҳои пешрафти миллат акс меёбанд. Дар Тоҷикистон низ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастури ягонаи ҳаёти давлатдорӣ ва ҷомеа, 6 ноябри соли 1994 аз тарафи мардуми кишвар тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Аз ҳамин рӯ, ҳар сол 6 ноябр, ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Илова бар ин санаи мазкур, рамзи оғози давраи нави давлатдории тоҷикон, таҳкими истиқлолият, сулҳ, ваҳдати миллӣ ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад.

Мо таърихи Конститутсияҳоро омӯзем, қабули конститутсия дар таърихи халқҳои ҷаҳон ҳодисаи хеле маъмул ва ибратомӯз мебошад. Он ҳанӯз соли 1787 дар ИМА қабул шуда буд. Дар Аврупо соли 1791 дар Франсия қабул карда шудааст. Чунин санад дар Россия соли 1918 баъди ғалабаи Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр ба вуҷуд омад. Ба ин маънӣ, аввалин конститутсияи шӯравӣ Конститутсияи РСФСР мебошад, ки дар асоси он конститутсияҳои дигари ҷумҳуриҳои шӯравӣ таҳия шуданд. Дар Осиёи Миёна аввалин бор Конститутсияи РАСС Туркистон 30 апрели соли 1918 қабул гардид. Дар солҳои ҳокимияти шӯравӣ Конститутсияи СССР (1918, 1924, 1936, 1977) қабул карда шуда буд.

Дар кишвари мо 5 маротиба Конститутсия қабул карда шуда (1.28 апрели соли 1929, 2.24 феврали соли 1931, 3. 1 марти соли 1937,4.14 апрели соли 1978, 5. 6 ноябри соли 1994), 3 бор тағйироту иловаҳо воридкарда шуд(1. 26 сентябри соли 1999, 2.22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016) ҳар яке онҳо талоботи замон буда, аҳамияти таълимию тарбияв ва илмӣ дорад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсонро арзиши олӣ эълон намуда, ҳуқуқу озодиҳои ӯро бевосита эътироф ва кафолат медиҳад. Маҳз ҳуқуқбунёдӣ будани давлат аз ин ҷо сарчашма мегирад. Ҳуқуқҳои зерин ҳамчун асоси ҳуқуқии шаҳрвандон дар Конститутсия сабт шудаанд: ҳуқуқ ба зиндагӣ, озодӣ ва дахлнопазирии шахс, ҳуқуқ ба таҳсил, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, ҳуқуқ ба моликият, ҳуқуқ ба иштирок дар идоракунии давлат, озодии виҷдон, сухан, эътиқод, эҷод ва дигарҳо. Ин меъёрҳо Тоҷикистонро ба самти ҷомеаи адолатпеша ва мардумсолор раҳнамоӣ мекунанд.

Албатта нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди қабули Конститутсия ва барқарории сулҳу субот нақши таърихӣ бозидааст. Бе роҳбарии ӯ ҳеҷ гоҳ имкони ташкили системаи муосири давлатдорӣ ва танзими ҳуқуқии ҷомеа вуҷуд надошт. Маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи ӯ Тоҷикистон тавонист, ки ҷанги шаҳрвандиро хотима диҳад, аҳди сулҳро ба даст орад, пояҳои давлати мустақилро бунёд кунад, рушди устувори иқтисодиро таъмин намояд.

Аз ин рӯ, Рӯзи Конститутсия ҳамчунин арҷгузорӣ ба заҳмат ва ҷоннисории халқи Тоҷикистон дар роҳи сулҳу ваҳдат низ мебошад. Албатта Конститутсия дар зиндагии имрӯзаи мардум, нақши бисёр ҳам муҳим дорад. Конститутсия ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон чунин имкониятҳоро ба монанди: иштирок дар интихобот, таъсиси ташкилотҳои ҷамъиятӣ, рушди фарҳангу забон, истифода аз манфиатҳои иҷтимоӣ, таҳсил ва пешрафт дар шароити озодро фароҳам меорад.

Хулоса аз ин иборат, ки пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар шароити ҷаҳони муосирин иқдоми амри зарурист, зеро он моҳияти миллӣ дорад. Дар ин раванд давлатҳои мутараққии дунё бо ақидаи миллии худ ба пешравиҳои инқилобӣ ноил гардиданд ва мо ҳам чунин ақидаи миллиро дорем, Он дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зайл ифода шудааст “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунёвӣ ва ягона мебошад”.

Ба ҳамин тартиб, давлат барои ҳамагон, бидуни истисно роҳи конститутсионӣ, қонунӣ, маданӣ ва инсонии фаъолияти сиёсиро фароҳам овардааст. Ин меъёр ба тамоми талаботу қолабҳои қабулшудаи умумибашарӣ ҷавобгӯ буда, дар радифи дигар меъёрҳо давлати воқеан ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд.

Файзализода Сафаралӣ,

Сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Конститутсияи кишвар санади асосиест, ҷиҳати бунёди ояндаи дурахшони миллати тоҷик

Next Post

Таҷлили 31-солагии Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти муҳоҷират

Next Post
Таҷлили 31-солагии Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти муҳоҷират

Таҷлили 31-солагии Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти муҳоҷират

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.