Ҷашни 31-солагии Конститутсия барои мо ҳамчун ҷашни ташаккули давлатдории миллӣ ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон аҳамият ва шукӯҳи хоса дорад. Дар давоми ин солҳо халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро тибқи муқаррароти ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид. Ин нукта, 3 ноябр дар ҳамоиш бахшида ба 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти муҳоҷират иброз шуд.
Дар он роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират, кормандони дастгоҳи марказии Хадамот ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” иштирок намуданд.
Нахуст, Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо сухани ифтитоҳӣ намуда, дар робита ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза намуд. Мавсуф қайд намуд, халқи Тоҷикистонро бахту саодати бузурге насиб шудааст, ки соҳиби чунин Конститутсия сазовор мебошад. Чунки агар мавқеи илмӣ ва ҳам шаҳрвандии мутахассисони худиро дар масъалаи арзёбии Конститутсия як сӯ гузорем, ба эътибори коршиносони дақиқсанҷи як қатор давлатҳои пешрафтаву мутамаддини ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз намунаҳои беҳтарини конститутсияҳои демократии ҷаҳонист.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикисон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шаклҳои давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати Тоҷикистонро чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон мекунад. Ин меъёр ҷавобгӯи ҳадаф ва талаботи инкишофи ҷомеаи демократӣ дар ҷаҳони мутамаддин буда, ҳоло дар конститутсияҳои ҳамаи давлатҳои демократии дунё ифода гаштааст. Аз тариқи меъёри зикршуда Тоҷикистон худро аъзои ҷомеаи башар, муборизи арзишҳои ҳуқуқӣ, қонун ва демократия эълон мекунад. Ҳамзамон пуштибонӣ аз манфиатҳои давлати миллӣ, пеш аз ҳама, сохибихтиёрӣ ва истоқлолияти давлатӣ дар назар аст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди миллӣ буда, муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, истифодаи васеи анъанаҳо ва осори таърихии миллиро эълон ва таъмин мекунад. Он нахустин Қонуни асосии давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад, ки пас аз таърихи беш аз ҳазорсолаи аз байн рафтани давлати Сомониён барпо гардид. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ, муқаддасоти миллӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, дахлнопазирии ҳудуди давлати Тоҷикистон, эътибори олии Конститутсия дар низоми ҳуқуқии кишвар, моликияти истисноии давлат ва имкони истифодаи озоди сарватҳои фарҳангиву маънавӣ ифодаи қонунии худро пайдо намуданд. Дар заминаи ин меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар шумораи зарурии қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ дар бахши забон, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, истифодаи замин ва дигар боигариҳои табиӣ, истифодаи осори фарҳангӣ, амнияти миллӣ ва ғайра қабул шуданд. Аз ин рӯ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини истиқлоли давлатӣ ва пойдории давлатдории миллӣ нақши бунёдӣ дорад.
Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди мамлакат ин санади тақдирсозро азизу муқаддас меҳисобад, зеро он ҳуқуқу озодиҳои ҳар кадоми онҳоро ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, ҳифзи қонунии як силсила ҳуқуқҳои фитрии инсон, аз ҷумла дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус, инчунин озодии виҷдону эътиқод ва дигар ҳуқуқу озодиҳои ӯро кафолат медиҳад, – афзуд Нодирзода И.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

