• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

КОНСТИТУТСИЯ – ШАҲОДАТНОМАИ ИҚБОЛИ МИЛЛАТ

Migration Service by Migration Service
03.11.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
КОНСТИТУТСИЯ – ШАҲОДАТНОМАИ ИҚБОЛИ МИЛЛАТ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Аз ҷониби ҷомеаи ҳар давлат қабул шудани Конститутсия воқеаи дорои аҳамияти бузурги сиёсиву иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ замина мегузорад.

Санаи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ва Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи бисёр муқаддас, пурифтихор ва сарнавиштсоз мебошад. Дар ин рӯзи таърихӣ бори нахуст бо тарзи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

Конститутсия санади муҳими сиёсӣ, ҳуҷҷати тақдирсоз ва ифодагари азму иродаи мардуми тоҷик мебошад, ки дар марҳилаи хеле мураккабу сарнавиштсози ташаккулёбии давлатдории миллиамон қабул гардид. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Бе қабули Конститутсияи нав ва дар асоси он муайян намудани сиёсати ҳуқуқии кишвар ва барқарор намудани сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ пешравии ҷомеаро таъмин кардан, муайян намудани сиёсати мутавозини дохиливу хориҷӣ ва ҳимояи манфиатҳои сиёсиву иқтисодии кишвар ѓайриимкон буда, давлат ва ҷомеаи мо дар ҳар қадам ба душвориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавӣ рӯ ба рӯ мегардад».

Бинобар ин, дар муқаддимаи Конститутсия чунин омадааст, ки:

«Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».

Яъне, мувофиқи ин ҳидояти Конститутсия халқи Тоҷикистон бо назардошти воқеияти кишвари хеш сарнавишти худро муайян ва давлати миллии худро бунёдгузорӣ мекунанд. Ин нукта дар моддаи 6 боз таъкид гардида, халқ ба сифати «баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ» эътироф шудааст. Гузашта аз ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба мафҳуми таркибии халқро муайян намуда, тасарруфи ҳокимияти давлатиро аз созмоне, гурӯҳе ё фарде манъ эълон кардааст.

Конститутсия ҳуҷҷатест, ки фазои амалаш маҳдуд набуда, он сарнавишт ва роҳи пешрафти ояндаи ҳар халқу давлатро дар тӯли асрҳо муайян мекунад. Конститутсия асосҳои сохти ҷамъиятӣ ва иқтисодии мамлакат, шакли идоракунӣ ва сохтори давлатӣ, вазъи ҳуқуқии шахсият, тартиби ташкил ва ваколатдории мақомоти ҳокимияти давлатиро дар марказ ва маҳалҳои ҷумҳурӣ ташкил намуда, принсипҳои асосии адолати судӣ ва доираҳои интихоботиро аниқ менамояд.

Конститутсия муҳимтарин ва асоситарин санади меъёриву ҳуқуқии мамлакат мебошад. Дар баробари ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар қаламрави ҷумҳурӣ дигар қонунҳо амал мекунанд, ки онҳоро дар асоси меъёрҳои Конститутсия таҳия намуда, мақомоти олии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ қабул менамояд.

Маълум аст, ки дар Конститутсия ҳамаи қонунҳо ва қоидаҳоро ҷой кардан ѓайриимкон мебошад. Бисёр ҳуҷҷатҳои дигари ҳуқуқиро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсия таҳия, мутобиқ, танзим ва муайян менамоянд. Маҳз аз ҳамин сабаб Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум фаъолияти худро аз қабули қонунҳои конститутсионӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ шурӯъ кард.

Тамоми даҳ бобу сад моддаи Конститутсияи Тоҷикистон дар бунёди ҷомеаи соҳибихтиёри давлати мо қадами бузурги таърихии давронсоз мебошад. Зеро он роҳи моро ба сӯйи ояндаи дурахшон раҳнамун сохта, вазифаи аркони ҳокимияти давлатии қонунгузорӣ, иҷроия ва судиро муайян кард ва масъалаҳои муносибатҳои қонунии байни онҳоро ба низом даровардааст.

Аҳамияти бузурги таърихӣ ва байналмилалии Конститутсияи кишварро дар он мебинем, ки Тоҷикистонро як қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон кардааст. Ватани мо тавассути ин Бахтнома воҳиди баробарҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ буда, сиёсати хориҷии худро бо назардошти манфиатҳои миллии кишвар ба роҳ мемонад. Аз рӯйи Конститутсия ҷавҳари сиёсати берунаи моро татбиқи сиёсати сулҳҷӯёна, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли дигар давлатҳои ҷаҳон ташкил медиҳад.

Бо шарофати соҳибистиқлолии Ватан, зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раҳнамоиҳои Конститутсия фаъолияти сиёсии давлат берун аз кишвар низ васеътару самарабахштар гардидааст. Имрӯз дар саросари ҷаҳон номи давлати Тоҷикистонро медонанд, ба забон мегиранд, ҳангоми садо додани Суруди миллӣ ва оҳанги мутантани он аз сарони давлатҳо то хурду калон бо эҳтиром аз ҷо мехезанд, ба Парчамаш саҷда меоранд ва ба арзишҳои миллии он арҷ мегузоранд.

Оё ин бузургтарин бахт ва ифтихор аз Ватани маҳбуб нест? Оре, ин саодати бепоён шукронаи беҳади Истиқлол ва қудрати Қонуни асосии мамлакат мебошад!

Инак, 31 сол аст, ки Конститутсия амал мекунаду мардуми шарафманди тоҷик таҳти раҳнамоиҳои он шукронаи даврони соҳибистиқлолии Ватан, шукронаи неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату истиқлоли миллӣ ва сулҳу суботи пойдор, шукронаи дӯстию бародарӣ ва якдилию якмаромӣ мекунанд. 31 соли пур аз фараҳу нишот, дастовардҳои гаронарзиш, ободию шукуфоӣ, муаррифии давлати соҳибтамаддуну мардуми фарҳангсолори тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ, ки маҳз таҳти таъкиду нуктаҳои ҳидоятсози Конститутсия падид омаданд.

Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фархундаву ҳумоюн бод, ҳамдиёрони азиз!

Муқаддасӣ ва пойдории Қонуни асосии мамлакатро таманно дорем!

Нодирзода Иматшо – сардори Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Таҷлили 31-солагии Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти муҳоҷират

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.