• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрии судманд баҳри пешгирии экстремизм ва терроризм

Migration Service by Migration Service
05.11.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯрии судманд баҳри пешгирии экстремизм ва терроризм
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор вохӯрии судманд ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, аз қабили пешгирии экстремизм ва терроризм, ҷинояткорӣ, тақлид ба фарҳанги бегона ва шарҳу тавзеҳи мафҳумҳои асосии “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” бо сокинони ҷамоати деҳоти Тавилдара деҳаҳои Саридашт, Деҳикалон, Саричангал ва Каранак баргузор намуд.

Масъулин қайд карданд, ки вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовари терроризм ва экстремизм, ки барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлат ва рушди устувори давлатҳо таҳдиди бевосита менамояд, на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки сайёраро ба ташвиш овардааст.

Ҷиҳати пешгирии ин падидаҳои номатлуб 1-уми июни соли 2021 Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва нақшаи амалисозии онро бо фармони хеш таҳти №187 тасдиқ намуданд.

Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паём “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи 26-уми январи соли 2021 зикр намуданд, мутобиқ ба икдомоти Тоҷикистон доир ба амалисозии Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид ва қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст.

Таъкид карда шуд, ки ба масъалаи зуҳуроти номатлуб ва хатарноки экстремизм ва терроризм аҳамияти ҷиддӣ бояд диҳем. Зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бар зидди ҷанбаҳои идеологӣ ва тарғиботии созмонҳои ифротӣ муборизаро пурзӯр намоем. Ҷавонону наврасонро ба корҳои ҷамъиятӣ ба монанди созмонҳои ҷавонон, ҷамъиятҳои гуногуни дӯстдорони китоб, дӯстдорони табиат, машғулиятҳои варзишӣ, машғулиятҳои иловагии таълимии фаннӣ ва ҳунарҳои гуногун ҷалб намоем. Мо дар замоне кору фаъолият карда истодаем, ки дорои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ ҳастем. Барои дарк, ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани ҷавонон аз падидаҳои номатлуб дар пояи волоияти қонун ба ҳамдигар мусоидат намоем.

Намояндаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия ба таваҷҷуҳи сокинон расонид, ки аз 1 сентябри соли 2025 дар шаҳри Москва ва вилояти Москва тартиби нави бақайдгирии шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ бе раводид ба Федератсияи Россия ворид мешаванд, ҷорӣ карда шуд.

Шаҳрандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади кор ба Россия меоянд, инчунин аъзои оилаи онҳо, вазифадоранд ба қайд гирифта шаванд. Барои ин зарур аст ба Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷират дар Сахарово ё ба шуъбаҳои ҳудудии Раёсати корҳои дохилии Россия оид ба масъалаҳои муҳоҷират муроҷиат намоянд.

Дар рафти бақайдгирӣ гирифтани изи ангуштон (дактилоскопия) ва аксбардорӣ гузаронида мешавад. Ҳамчунин, аз 1 сентябри соли 2025 насби барномаи мобилии “Амина” ҳатмӣ мегардад. Ин барнома ҷойгиршавии муҳоҷирро сабт намуда, маълумотро дар бораи мақоми ҳуқуқии ӯ намоиш медиҳад.

Набудани қайдгирӣ дар ҷойи иқомат, инчунин рад кардани истифодаи барномаи мобилӣ ҳамчун вайронкунии қоидаҳои муҳоҷират ҳисобида шуда, метавонад боиси ҷавобгарии маъмурӣ, то ихроҷ аз ҳудуди Федератсияи Россия ва манъи воридшавии такрорӣ гардад.

Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оила онҳо, аз ҷумла сокинони ноҳияи Сангвор, ки айни замон дар кишвари Россия қарор доранд,  тавсия дода мешавад, ки пешакӣ шароити иқоматро муайян намуда, тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ дошта бошанд ва дар ҳолати пайдо шудани саволҳо барои тавзеҳот ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ё ба шуъбаҳои ҳудудии мақомоти муҳоҷиратии Россия муроҷиат намоянд.

Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Вохӯриву суҳбатҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” идома дорад

Next Post

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва сарнавишти Тоҷикистон

Next Post
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва сарнавишти Тоҷикистон

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва сарнавишти Тоҷикистон

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.