Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен якҷо бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар маҳаллаҳои ба номи Абдуғанӣ, Ҳолматов, Саидов, М.Турсунзода, деҳаи Саидқалъа ҷамоати деҳоти Истиқлол корҳои иттилотию фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ, аз ҷумла оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ доир намуданд.
Баромадкунандагон оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар суханронӣ намуда, дар ин замина сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзиму ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” огоҳ намудани ҷавонон аз хатарҳои экстремизм ва терроризм, тақвият додани корҳои ободониву созандагӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, касалиҳои сирояти, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва фарогирифтани занону духтарон ба курсҳои касбомӯзӣ, муҳоҷирати бехатар, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии тамоюли бегонапарастӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб меравад.
Дар чорабинӣ таъкид карда шуд, ки бузургтарин неъмате, ки барои мо насиб гаштааст, ин истиқлолу озодӣ, суботи миллӣ ва ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз бо заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат ва сарҷамъии мардум Тоҷикистони азизи мо рӯз аз рӯз ободу зебо гашта, обрӯву нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускору сулҳпарвар боло рафта истодааст.
Намояндаи Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар иттило дода, таъкид намуд, ки ҳангоми сафар ба давлатҳои хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Россия ба қонуну қоидаҳои давлати қабулкунанда риоя намоянд ва вобаста ба талаботи қонунгузории давлати қабулкунанда дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, расман фаъолият намудан дар кишвари иқомат, риояи талаботи бехатарӣ дар истеҳсолот, ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, нигоҳдории ваъзи саломатию пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ машварат ва тавсияҳои муфид дода шуд.
Зикр гардид, ки муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки пеш аз оғози фаъолияти корӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, пас ба фаъолият оғоз намоянд, ҳуҷҷатҳои будубош ва қайди муваққатии худро дар доираи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат таҳия намоянд.
Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба тағйироти нав дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, тартиби таҳсил ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабии кишвари иқомат, оид ба барномаи “Амина” дар шаҳри Москва ва вилояти он, оид ба Консепсияи нави ФР оид ба муҳоҷират барои солҳои 2026-2030, масъалаҳои радикализм, экстремизму терроризм ва дигар масъалаҳои марбут иттилоъ дода шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

