Дар заминаи татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бо мақсади тақвият бахшидан ба ҳамкории давлату ҷомеа, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон ва таҳкими ҳисси ватандорӣ, дар деҳаи Қизилбайрақи ҷамоати деҳоти А. Ҳасанов вохӯрии навбатии гурӯҳи тарғиботӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав баргузор гардид.
Ин мулоқот дар доираи иҷрои нақшаи ҳамоҳангшудаи сохторҳои дахлдор ва бо ҳадафи татбиқи амалии сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ аъзои гурӯҳи тарғиботӣ масъалаҳои мубрами рӯзро баррасӣ намуда, оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, муҳоҷирати бехатар ва муқовимат бо фарҳанги бегона ибрози назар карданд. Ҳамзамон, вобаста ба риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо” ва “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак” тавсияҳои судманд пешниҳод гардиданд.
Таъкид шуд, ки суботу оромии ҷомеа ва пешрафти кишвар танҳо дар шароити ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми қонунгузорӣ таъмин мешавад. Ҷавонон, ҳамчун қувваи созандаи миллат, бояд бо зиракии сиёсӣ, дониши муосир ва ҳисси баланди миллӣ дар рушду нумӯи Ватан саҳмгузор бошанд.
Дар навбати худ намояндаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи баромад намуда, ба самъи сокинон расонид, ки мутобиқи қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Россия, аз 5 феврали соли 2025 Феҳристи шахсони назоратшаванда (ФШН) ба фаъолият оғоз намудааст.
Ҳадафи асосии ин феҳрист — таъмини риояи қонунгузории муҳоҷират, пешгирии будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва баланд бардоштани сатҳи тартиботи ҳуқуқӣ дар соҳаи муҳоҷират мебошад.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар бештари ҳолатҳо ворид кардани маълумоти шаҳрвандони хориҷӣ ба ФШН ба поёни муҳлати будубоши муваққатӣ вобаста аст. Яке аз сабабҳои маъмултарин — вайрон кардани қоидаи “90/365” мебошад.
Мутобиқи қоидаҳои нав, аз 1 январи соли 2025 муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷие, ки бе раводид ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мешаванд, наметавонад аз 90 рӯз дар як соли тақвимӣ зиёд бошад.
Айни замон дар низоми муҳоҷират механизми ҳисобу назорати автоматикии муҳлати будубош татбиқ гардидааст.
Шаҳрвандоне, ки муҳлати иҷозатдодаи будубошро риоя намекунанд, ба таври худкор ба Феҳристи шахсони назоратшаванда шомил мегарданд. Ин иқдом имконият медиҳад, ки шумораи шахсони дорои мақоми ғайриқонунии муҳоҷират дар ҳудуди Федератсияи Россия ба ҳадди ақал расонида шавад.
Аз ин лиҳоз, аз ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват менамояд, ки қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Россияро қатъиян риоя кунанд, ҳҷҷатҳои иҷозатдиҳандаро сари вақт тамдид намоянд, дар қаламрави Россия тибқи меъёрҳои ҳуқуқӣ амал кунанд.
Ёдрас менамоем, ки Феҳристи шахсони назоратшаванда (ФШН) воситаи расмии назорати риояи қонунгузории муҳоҷират дар Федератсияи Россия мебошад. Ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки барои будубоши қонунӣ асос надоранд, ба таври ҳатмӣ ба ин феҳрист дохил карда мешаванд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ сокинон ба эҳсоси баланди ватандорӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардиданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

