Дар доираи татбиқи ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти робита бо аҳолии маҳал ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ, бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Вахш вохӯрии навбатӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти Файзи Истиқлол доир гардид.
Масъулин оид ба шукргузорӣ аз фазои ороми ватан дар доираи мавзуъҳои асосии рӯз ба монанди истифодаи оқилонаи қувваи барқ, тарбияи дурусти ҷавонон дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, хизмати Модар-Ватан, нагаравидани насли ҷавони кишвар ба гурӯҳи ифротиву тундрав, муҳоҷирати бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, дурӣ аз падидаҳои хатарзои аср ба монанди терористиву экстремистӣ, пешгирӣ аз исрофкорӣ дар соҳаҳои гуногуни рӯзмарра, сулҳи пойдори миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ, муқаддасоти миллӣ ва ғайра мавзӯъҳои мубрами ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи мутамаддин баёни андеша намуданд.
Илова бар ин, таваҷҷуҳи ҳозирин ба масъалаҳои тандурустӣ ҷалб карда шуд. Аз ҷумла, маълумот дар бораи бемориҳои вирусӣ, махсусан ВИЧ/СПИД ва сил пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ва нигоҳубини саломатӣ омили муҳими пешгирии ин бемориҳо мебошад.
Ҳамзамон, намояндагони бахши Хадамоти муҳоҷират ба самъи сокинон расониданд, ки донистану риоя кардани қонуну қоидаҳои кишварҳои бакорқабулкунанда вазифаи ҳар як шаҳрванд ва хоса муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳисоб рафта, надонистан ва ё саркашӣ кардан аз он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ оварда мерасонад.
Бояд зикр кард, ки имрӯзҳо дар қаламрави Федератсияи Россия 19 намуди растанӣ таҳти назорати давлатӣ қарор дошта, барои парваришу нигоҳдории ин растаниҳо тибқи моддаи 231-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия ҷавобгарӣ муқаррар шудааст.
Яке аз чунин растаниҳо ин “Ҳазориспанд” ё “Гармала” мебошад, ки алкалоидҳо ба монанди гармалину гармин ва хусусияти психоактивӣ дорад. Ин растанӣ барои ворид, муомилот ва истеъмол дар ҳудуди Россия қатъиян манъ шудааст.
Бинобар ин, аз ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки ҳангоми сафар ба Федератсияи Россия аз бурдани ҳазориспанд худдорӣ намоянд ва ба хотири чанд миқдор маблағ ҳаёти худу оилаи худро зери хатар нагузоранд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволҳои пешниҳоднамуда ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

