Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик таърихи беш аз ҳазорсола дорад. Халқи тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо бо шарофати шахсиятҳои муборизу ҷасур, ватандӯсту меҳанпарвар, донишманд ва бонанагу номус тавонистааст, ки ганҷинаи таърих ва тамаддуни башар саҳми мондагор гузорад. Яке аз чунин шахсиятҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки барои мардуми тоҷик саҳифаҳои нави ҳаёти осударо боз намудааст. Маҳз бо шарофати Пешвои муааззами миллат халқи тоҷик тавонист, ки орзуи деринаи худро, яъне ба даст овардани Истиқолияти давлатиро амалӣ намояд.
Баъд аз муқовиматҳои зиёди мусаллаҳона ва ҷанги бародаркуш, фалаҷ гардидани сохти конститутсионӣ, мақомоти давлатӣ ва умуман ҷомеаи шаҳрвандӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он дар таърихи навини тоҷикон саҳифаи наверо кушод. Маҳз дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб шуданд.
Президенти кишвар аз ҳамон соати ба сари қудрат омаданашон тамоми азму иродаи худро ба умдатарин масъалаҳои ҳастии халқу мамлакат – таъмини сулҳу субот, муттаҳид сохтани мардуми Тоҷикистон, истеҳкоми ваҳдати миллӣ бахшиданд ва фаъолияти сиёсии он кас ҳамчун Сарвари давлат бо ормонҳои чандинасраи миллат ва рисолати ҷамъиятию азалии халқи тоҷик мувофиқ омад. Халқи Тоҷикистон дар симои роҳбари худ шахсиятеро дарёфтанд, ки мақсади он кас сулҳу салоҳ, якпорчагии Тоҷикистон ва ободию осудагии халқ буд, ҳаст ва хоҳад монд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баъд аз интихоб шуданашон ба мансаби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, савганд ёд карда, иброз доштанд, ки «Ман ба мамлакат сулҳ меорам, халқи Тоҷикистонро аз фоҷиаи ҷангу хунрезӣ наҷот медиҳам, ваҳдати мардумони гуногунмиллати кишварамонро таъмин менамоям».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки нафаре аз таърихи ин миллати куҳанбунёд огаҳ бошад, хусусан дар даврони ҷанги хонумонсӯзу бародаркуш шахсиятеро дар паҳлӯи ин халқ эҳсос мекунад, ки ин миллатро аз вартаи ҷангу парокандагӣ эмин нигаҳ дошт ва ин ҳам бошад муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Воқеан ҳам, таърих такрор мешавад. Агар устод Айнӣ дар аввали садаи асри XX бо нӯги қалам ин миллатро сарҷамъ намуда бошад, пас дар охири ҳамин аср Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсат ва иродаи қавию хирадмандона кори ӯро такрор намуданд. Замоне, ки миллат дар оғӯши ҷанг ва ғарқаи хун буд, ин абармард ба мушкилиҳову таҳдидҳои ҷонӣ нигоҳ накарда, вазифаи пурмасъулият ва сангин, яъне раҳбарии давлату миллатро бар души худ гирифтанд.
Ин ҳама пешрафту муваффақиятҳо натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ, иродаи қавӣ ва хислати ватандӯстии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мераванд. Ин абармарди миллат тавонист, миллати парешоншударо сарҷамъ намуда, Тоҷикистонро ба давлати тараққикарда табдил диҳад. Барои ҳамаи ин хизматҳои бузургаш ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
Халқи мо дар атрофи Президенти худ муттаҳид гашт, нерӯманд шуд. Президенти ҳар мамлакат шаҳсутуни ҳамон давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки дар ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва сарватҳои Ватан саҳми беназир бигзорад. Барқарор гардидани сулҳи тоҷикон, ташкили давлати мустақили миллӣ, бунёди иншоотҳои муҳими кишвар далели корнамоиҳои беназири Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Хизматҳои Сарвари кишвари мо на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳам қадршиносӣ шудаанд. Барои саҳми барҷаста дар рушди ҷомеаи умумиҷаҳонӣ Президенти Тоҷикистон ба гирифтани «Ситораи тиллоии Албер Швейтсер» ва унвони фахрии Профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор гардидааст. Эмомалӣ Раҳмон аввалин сиёсатмадорест, ки дар ҷаҳон ин мукофотро соҳиб шудааст.
Имрӯз мо сиёсати сулҳҷӯёнаву ваҳдатофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба пуштибонӣ намуда, шукронаи ваҳдату ягонагии миллатро мекунем ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем.
Боиси сарфарозист, ки тайи солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила роҳи рушдро тай мекунад ва сол то сол ба хазинаи кишвари азизи мо дастоварде зам шуда истодааст.
Фароҳам омадани заминаҳои ҳуқуқиву сиёсӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва рукнҳои асосии давлатдорӣ, пуриқтидор гаштани Артиши миллӣ, таъмини амнияти комил, бунёди иншоот ва инфрасохтори таъиноташ гуногун, азнавсозӣ ва бунёди роҳҳо, ба миён омадани корхонаҳои хурду бузург, рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илму маориф, соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, варзишу саёҳӣ, қабул ва амалигардонии даҳҳо барномаҳои давлатӣ ва ҳазорҳо дастовардҳои дигар ҳамагӣ аз самари бобаракати Ваҳдати миллии тоҷикон гувоҳӣ медиҳанд.
Президенти маҳбуби кишвар кафили сулҳ, меъмори ваҳдат, пушту паноҳи тоҷикони дунё ва муаррифгари фарҳангу анъана ва асолати миллӣ мебошанд, ки бо чунин шахсияти таърихӣ ҳамеша ифтихор менамоем.
Фирӯза МАҲМАДУЛЛОЗОДА, сардори шуъбаи ташкилӣ ва умумии Хадамоти муҳоҷират

