14 ноябри соли ҷорӣ дар толори Хадамоти муҳоҷират бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.
Нахуст, муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират Шарифзода Маҳмадсалим Пир чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, зимни баромади табрикотии худ қайд намуданд, ки ҳадафи мо аз ҳамасола таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, эҳтиром гузоштан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи садоқат ба Ватан ва қадршиносии хизматҳои шоистаи ин абармарди ҷаҳони сиёсат ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин қайд карда шуд, ки эълони Истиқлолият дар кишвари мо ба давраи ниҳоят мураккаби сиёсӣ ва буҳрони шадиди конститутсионӣ рост омад. Дар он аём, ки дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ авҷ мегирифт, ба миллати тоҷик роҳбари сарсупурдае лозим буд, ки тамоми нерӯи худро ба ҳифзи Истиқлоли миллӣ ва наҷоти Ватан равона созад, ҷумҳуриро аз парокандагӣ ва нобудшавӣ наҷот диҳад.
Сипас дигар иштирокчиёни чорабини баромад намуда, изҳор доштанд, ки интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ рӯҳ ва маънои бузург бахшида, мақоми президентиро ба як неруи наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод.
Илова бар ин фаъолияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тарзи идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд оварданд, ки имрӯз бо бартарию хусусиятҳои худ эътирофи байналмилалӣ касб намудааст.
Таҷлили Рӯзи Президент рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат буда, нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад.
Мо – кормандони Хадамоти муҳоҷират низ Рӯзи Президентро бо самимияту эҳтиром ҳамчун рӯзи адолату демократикунонии ҷомеа истиқбол намуда, тамоми дастовардҳои замони идоракунии президентиро ба истиқлоли давлатӣ ва иқдомҳои неки Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста медонем.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

